Сулҳу субот мароми мост
- Details
- Published on Friday, 24 March 2023 15:07
Миллату халқи тоҷик аз қадимулайём халқи сулҳпарвар, таҳаммулпазир, дӯстпарвар мебошад. Барои он, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромиву ободи поянда бошад, набояд ба мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гурӯҳҳои алоҳидаву лидерони гуногун пайдо шаванд, маҳз дар ҳамон давраҳои бе сару сомониҳо сабаби асосии ҷанги бародаркуш ин набудани лидери ягона ва мавҷуд будани гурӯҳбозиҳо буд, ки дар натиҷа халқи оддӣ чи қадар азобу ранҷа кашида буд. Ҳамагон бисёр хуб медонанд, ки беэҳтироми қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҷо наовардан ба чи натиҷа оварда мерасонад. Ҳар як шаҳрвандӣ ба ору номус бояд қонунро эҳтиром намояд ва онро риоя намояд, зеро дар Тоҷикистон қонун барои ҳама баробар аст.
Дар кишвари азизамон набояд имрӯз ташкили гурӯҳҳову дар байни мардум таҳлуқа андохтан имконпазир бошад. Мардум бояд дуруст дарк намояд, ки ин сулҳу субот, тинҷиву оромии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст.
Ташкил кардани гурӯҳҳо, эхтиром накардани қонун, мардумро бо ҳаргуна гапҳои дурӯғ ба таҳлуқа андохтан ҳечгоҳ ба натиҷаи хуб оварда намерасонанд. Чунин ашхосон бояд саривақт дастир гардида, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз обод мегардад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Сайфуллоев А.
– мутахассиси шуъбаи тарбия, ДДҲБСТ