ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИНСОН ВА ТАБИАТ

Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии таърихие, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, санаи 22 – юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд, иброз намуда буданд: “ Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Албатта, ҳифзи об ва истифодаи дурусти он аз худи инсон вобастагӣ дорад. Худ, ки зодаи деҳаи дурдасти Тоҷикистон, Ворухи шаҳри Исфара ҳастам, аз обҳои ширину мусаффои дарёҳои Карафшину Кишамбиш нӯшидаам ва ҳамеша ба худ суол медодам, ки оё обҳои дарёҳо тамом мешуда бошанд? Инқадар оби зиёд аз куҷо ҷорист? Оё тағйирёбии иқлим низ ба каму зиёд шудани об рабте дорад ё не?

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои об бой буда, зиёда 155 кӯли гуногунҳаҷм ва ҳазорҳо чашмаоби одию маъданиро дорад, ки сарчашмаи ҳамаи дарёву дарёчаҳои мо маҳз аз пиряхҳои гуногун мебошад. Нисфи аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва ҳар яки мо бояд фахр аз он намоем, ки дар чунин ватани озоду сероб умр ба сар мебарем.

Пирях – яке аз бойигарии асосӣ ва манбаи оби ширину мусаффо маҳсуб меёбад. Сарчашмаи ҳамаи дарёҳои калонтарини Сир, Панҷу Зарафшон аз пиряхҳост. Тайи чанд соли охир тағйирёбии иқлим ба назар мерасад ва ин боиси об шудани пиряхҳо мегардад. Қариб 6 фисади масоҳати ҷумҳуриамон пиряхҳо буда, майдони умумии он 8476,2 километри мураббаъ аст. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Дар қаторкӯҳҳои Помир якчанд пиряхҳои калон ба монанди қуллаи Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра мавҷуд аст, ки миқдори умумиашон ба 3000 адад мерасад ва 7 тои он зиёда аз 21 километр дарозӣ дорад.

Мувофиқи маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 адад пирях мебошад, ки 60 фисади пиряхҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад. Айни замон масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17000 – 18000 километри мураббаъро дар бар мегирад. Аҳамияти пирях барои бо об таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷамъият хеле бузург аст. Вале тағйирёбии иқлим тайи чанд соли охир боиси кам шудани пиряхҳо гашта истодааст. Барои он ки зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Дар мамлакати офтобии мо низ пиряхҳои бузургтарин ба монанди, Федченко, Грумм Гржимайло, Бивачний, Гармо, Савуқдараи Калон, Ҷамъияти Географӣ, Гандо, Зарафшон ва садҳо намудҳои дигари пирях мавҷуд аст.

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 километри мукааб баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 километри мураббаъ танҳо 20 фисади шумораи умумии пиряхҳои кишвар аст, вале 85 фисади ҳаҷми ях мутамарказ гардидааст. Айни замон дар сатҳи кураи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллион километри мукааб мавҷуданд, ки ин 2/3 ҳиссаи захираи оби нӯшокиро ташкил медиҳад. Ба гуфти коршиносон, чунин миқдори пиряхҳо қодиранд, ки то 700 сол дарёҳои кураи Заминро бо об таъмин намоянд. Ҳисоб карда шудааст, ки майдони пиряхҳои тамоми сатҳи сайёраи мо ба 72,4 км2 мерасад, ки 14,2 фисади масоҳати Замин мебошад. Тақсимоти пиряхҳо дар сатҳи кураи Замин вобаста ба омилҳои иқлимӣ нобаробаранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардида буд, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Антарктида, Арктика ва Гренландия мушоҳида менамоем. Инчунин Сарвари давлат оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, чунин таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пирях дар пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳост.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли 70 – 80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Албатта, маҳз чунин мушкилиҳо аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳои дунё хатар эҷод менамояд.

Беҳуда нест, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 29 – уми ноябри соли 2000 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қабули Кодекси оби Ҳукумати Тоҷикистон” қабул гардид. Кодекси мазкур аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат буда, дар он тарзи дурусти истеъмоли об ва муҳофизати об оварда шудааст. Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат баҳри муҳофизати об ва пешгирии обшавии пиряхҳо якчанд қонуну қарорҳо қабул карда шуданд, ки бар нафъи умум аст.

Соли 2003 – соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” , Соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор ”, санаи 14 – уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи“ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 – уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” аз иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созанда буда, барои дарки дурусту амиқи истифодабарандагони об саҳми арзанда гузоштааст ва хоҳад гузошт.

Нушервон АШӮРОВ

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh