Муҳаммадиқболи Садриддин бадхоҳи миллат!
- Details
- Published on Thursday, 09 March 2023 15:09
Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар ашхосе дар ҳайати гурӯҳҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд, ки барои ҳимоя намудани манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ба ҳама амал қодиранд ва сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин низ яке аз хиёнаткори миллати тоҷик буда, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ кушиш менамояд иғвоҳои худро нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намояд.
Дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Ютуб” барномаҳои“Минбари муҳоҷир” ва “Ислоҳ нет”-ро мебарад. Дар ин барномаҳо бо ҳар роҳу усул кушиш мекунад иғвову буҳтонҳои худро нисбати сиёсати имрузаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бо ин васила оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созад. Ҳатто пай бурдан мумкин аст, ки барои омода намудани барномаҳои иғвогароёнааш аз ҳаммаслакони худ ва муҳоҷироне, ки дар кишварҳои Аврупо қарор доранд истифода менамояд. Бисёрии барномаҳои омодакардааш тариқи саволу ҷавоб (онлайн) барои ҳаллу фасли ягон масъалаи гуё “баҳснок” сурат мегирад, ки дар онҳо шахсоне, ки фирефтаи суханҳои ӯ гаштаанд пайваст мегарданд. Лекин ҳамаи суханҳояш ягон асосе надоранд. Ҳатто нафароне пайваст мегарданд, ки аз суханҳои пучи ӯ дилгир гардидаанд ва ба ӯ муроҷиат карда хоҳиш менамоянд, ки ин гуна назари бадхоҳонаашро нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати имрузаиҶумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшад.
Муҳаммадиқболи Садриддин бояд дарк кунад, ки ободии Ватан аз сарҷамъӣ аст. Ӯ бояд фаҳмад, ки кушишҳояш ҳама беҳудаанд ва мардуми сулҳпарвару меҳанпарасти тоҷик намегузорад, ки ин гуна шахсон монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳадафҳои нопоки худ расанд.
Мардуми тоҷик шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори сулҳу субот ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи демократӣ буданд ва ҳастанд. Имрӯз мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва баҳри боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон талош меварзем.
Камолиддини Раҷабзод!