ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ
- Details
- Published on Thursday, 02 February 2023 14:18
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ва асри иттилоот васоити ахбори оммаи электронӣ, аз қабили телевизион, радио, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақом ва манзалати хосаеро ба худ касб менамоянд. Таъмини суботи сиёсӣ барои ҳар як давлату миллат беш аз пеш мушкилоти аввалиндараҷа маҳсуб дониста мешавад. Чунки таъмини амнияти иттилоотӣ, бехатарии ҷомеа кафили боэътимоди рушди давлат ва тамоми соҳаҳои он арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ВАО‐ро басо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид медоранд, ки “Дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ – шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд. Пешрафти рўзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрўза аз он далолат медиҳад, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар ноил шудан мумкин аст”.
Дарвоқеъ таъмини амнияти миллӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои вижа маҳсуб мешавад. Ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаи насли нав аст.
Фаромӯш набояд кард, ки дар зарфи соҳибистиқлолӣ фазои иттилоотии кишвар ба равандҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, дар барномаҳои шабакаҳои телевизионии сартосарӣ дигаргуниҳои тоза рӯи кор омаданд. Имрӯз барномаҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳон пахш мешаванд ва имкони тамошои он дар саросари олам имконпазир аст. Аз нуқтаи назари мазмуну муҳтаво низ барномаҳо мавқеи хосаро касб мекунанд.
Намунаи ин гуфтаҳоро мо метавонем дар барномаи таҳлилию сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки тайи 11 сол инҷониб ҳар ҳафта дар шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” мунтазам пахш мегардад, мушоҳида карда бошем, ки муаллиф ва барандаи он чеҳраи ошно, журналисти муваффақу баргузида Фатҳиддини Замон аст.
Барномаи мавриди назар дар саросари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он тамошобин ва мухлиси худро пайдо кардааст. Пахши мунтазами барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар фазои иттилоотии кишвар ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ ва тарғиби ғояҳои миллӣ басо муҳим мебошад.
Барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» аз номаш аён аст, ки моро ба ҷаҳону ҷаҳонро ба мо мепайвандад. Муҳтавои барнома фарогири ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим, пешгирии терроризму ифротгароӣ, тарғиби сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон, инсондӯстӣ, тарғиби ғояҳои миллӣ, таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон, мебошад.
Ҳадаф, мазмуну мундариҷа, муҳтавои куллии барномаи сиёсиву таҳлилии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” тарғиби инсоният ва ифшои қудрати фитрии инсонҳо барои таъмини зиндагӣ ва таомули дӯстиву бародарӣ дар саросари сайёра новобаста аз нажоду забон, фарҳангу тамаддун, эътиқоду бовар ва ҷуғрофиёву макон аст. Дарвоқеъ, амалан дунё дар партави ҷаҳонишавӣ ба як деҳкадаи бемарзу бум тадбил ёфтааст. Ин гуна намунаҳо дар мисоли Иттиҳоди Аврупо рӯшан мешавад.
Ба таъбири дигар инсоният амалан нишон дод, ки мешавад канори ҳам бе мухолифату зиддиятҳое зист.
Доираи мавзуъгирии барномаи таҳлилию сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” фарох буда, дар фазои иттилоотӣ матолиби беғаразонаро инъикос менамояд, ки ба манфиати ҷомеаи башарист. Дигар аз махсусиятҳои барномаи мавриди назар тарғиби сиёсати дохилию хориҷӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ, даъват ба иттиҳоду ҳамдилӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ дар амалу андешаи ҷавонон ва тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб меёбад.
Ҷанбаи дигари барнома, ки аз назари мо, аҳамияти қобили мулоҳиза дорад, хушбин будан ба оянда, мавқеи устувори шаҳрвандию касбӣ ва огоҳона амал кардан барои рушду пешрафти Ватан аст.
Ҳамзамон намунаҳо ва бахшҳои зиёди барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки маҳз масъалаҳои экологияи Тоҷикистон, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва ҷуғрофияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифтанд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба кишварҳои дуру наздики сайёра, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Қувайт, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, кишвари Ҷопон, Туркия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон фиристода шудаанд.
Ҳамзамон дар кишварҳои мухталифи сайёра барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» дар мавзуъҳои гуногун сабт ва таҳия шуда, манзури тамошобинон ва ҳаводорони «Телевизиони Тоҷикистон» гаштааст.
Вазъи кунунии ҷаҳон водор месозад, ки шумораи чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизионии ватанӣ афзояд ва фазои иттилоотӣ бо ғояҳои миллӣ мукаммал гардад.
Сорбон АМАКОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
рўзноманигор