ҲИЗБИЁН БОЯД РОҲНАМОИ АҲЛИ ҶОМЕА БОШАНД
- Details
- Published on Friday, 27 January 2023 09:47
Дар маҷлисгоҳи асосии МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, аъзои кумиҷроия, вакилони маҷлисҳои вилоятии Маҷлиси вакилони халқ, собиқадорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи кори ҷаласа гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои соли 2002 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуд.
Дар баромади мавсуф зикр шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтар талқин намудани ғояҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлили вазъи иқтисодиву сиёсӣ, дастовардҳо дар самти татбиқи амалии чор ҳадафи стратегӣ, беҳтар намудани пояи моддиву техникии ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷалби сифатии аъзо, баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ кумиҷроияи вилоятӣ борҳо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро мавриди назарсанҷӣ қарор дод.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ин ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати аъзо ба ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра барои қабул ба аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони соҳибмаърифату ватандӯсти қаламрави вилоят эътибори махсус дода шуда, шумораи аъзои ҳизб дар вилоят ба миқдори 8363 нафар зиёд гардид. Яъне ба ҳолати 20‐уми декабри соли 2022 он ба 165793 нафар расид, ки аз он 94314 нафар (56,8 фоиз)‐ро занҳо ва 65383 нафар (39,4фоиз)‐ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар самти зиёд намудани сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Деваштич, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Бӯстон, Конибодом ва Айнӣ саҳми назаррас доштанд, сафи аъзоёни ҳизбро зиёд гардониданд. Номбурда дар идомаи гузориш оид ба татбиқи амалии вазифагузориҳои Раиси муаззами ҳизб зимни баргузории маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Марказӣ, нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат, зиёд намудани сафи аъзо аз ҳисоби фаъолони ҷомеаҷавонон ва занон, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҳамкории мутақобила бо ВАО, пурзӯр намудани фаъолияти гуруҳҳои кибердружина, ҷавоби қотеъона додан ба мақолаҳои иғвоангез, таъсиси мактаби захираи кадрҳо дар назди кумиҷроияҳо ба раисони кумиҷроияҳо, мудирони шуъбаҳои занон, ҷавонон, таблиғот вазифаҳои мушаххас гузошт.
Зимни музокира раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии Панҷакент Мурод Шукурзода, Конибодом Азим Бобоҷонзода ва Деваштич Равшаной Маъмурзода дар бораи корҳои анҷомдода дар давраи фаъолият гузориш доданд. Таъкид гардид, ки бо роҳнамоии Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб ва кумиҷроияи вилоятӣ фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар қиёс ба солҳои пешин тақвият ёфта, обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа боло рафта истодааст.
Сипас муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода баромада карда баён намуданд, ки саҳми ҳизбиён дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ хеле калон буда, маҳз бо талошу корбариҳои аъзои фаъоли ҳизб пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардида, коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ бо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ҷавонон, занон, гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дастурҳои мушаххас дода, баён доштанд, ки дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ бояд мақсад ва мароми ҳизбиён бошад. Дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таблиғу ташвиқ, кор бо волидон, доир намудани рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, баргузори мусобиқаҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ метавонад дар тинати ҷавонон эҳсоси далериву шуҷоатмандиро бедор кунад.
Баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, тақвиятбахшии пояи моддиву техникӣ, барасмиятдарории биноҳои маъмурии ҳизбӣ, бо ҷалби собиқадорони ҳизбӣ мақсаднок гузаронидани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, коҳиши пошхӯрии оилаҳо, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, шунидани ҳисоботӣ вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҷаласаҳои раёсату кумиҷроия, кор бо харитаи сиёсӣ ва дар ин замина омодагӣ ба интихоботи навбатӣ дастурҳои судманд доданд. Дар идомаи кори ҷаласа аъзои кумиҷроия нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати ташвиқу тарғиби Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи корӣ барои соли 2023‐ро тасдиқ намуданд.
Дар интиҳо ба як қатор фаъолон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ, медали ҷашнӣ супорида шуда, озмуни “Обуна 2023” натиҷагирӣ карда шуд.
Абдусабури АБДУВАҲҲОБ,
рӯзноманигор