Худкардаро даво нест...... !
- Details
- Published on Thursday, 26 January 2023 11:25
Фард аз овони кӯдакӣ бо дастуру хидоятҳои волидон тарбияту камол ёбад ҳам, хусусиятҳои фардӣ, ки аз ирсияту муҳит, сарнавишт ба ӯ насиб гардидааст, доро мебошад, ки раҳоӣаз онҳо бо душворӣ суръат мегирад ё худ мутеи роҳи каҷ мешаваду дигар халосӣ аз он натавонад ёфт. Каҷравию каҷфаҳмӣ бемории бедаво аст, ки оқибати нохушу ноҷоя ба бор меоварад.
Мутеи нафси шаҳвонӣ гаштану пайвастани ҳамҷинсгароёнаи Иқболбӣ (Муҳаммадиқболи Садриддин)-и шармсори олам ҳақиқати воқеӣ аст, ки аллакай рӯйпӯш кардани он амри маҳол мебошад. Зеро, ин одамсимои иблисхилқат бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамагон маълум кардааст, ки побанди бемории бедавои ҳамҷинсгароӣ асту тавонистааст аъзои ташкилоти террористию экстремистии мамнӯи наҳзатро мафтуну шайдои худ кунад. Иқрор мешавад, ки на Кабирии бедин ва на ҳаммаслакони ландахури наҳзатӣ аз Иқболбии нафсишаҳвонӣ, муносибатҳои маҳрамона халосӣ нахоҳанд ёфт. Зеро, аввало ин фармоиши хоҷагони маблағгузори бачабози хориҷӣ асту баъдан ҳамаи наҳзатиёни касиф мубталои бемории ҳамҷинсгароӣ шудаанд.
Ҳайратовар он аст, ки ҳамҷинсгароӣ дар шариати дини мубини Ислом ва дигар динҳо қатъиян манъу маҳкум шудааст, ин тоифаи ҳамҷинсгароёни ашадии Иқболбиву Кабирӣ ва думравони чоплусашон то ҳол аз худ ҳомии дини Ислом метарошанд. Агарчӣ мусалмонтабор буданду бадину мазҳаб хиёнатии ошкоро кардаанд, ба амалҳои носазояшон иқрор намешаванду худро“мусичаи бегуноҳ” вонамуд сохта, сифатҳои иблисонаро ситоиш ва ба амалҳои дигарон хӯрдагирӣ менамоянд.
Эй иблиссифатону шайтонзодагони наҳзатӣ! Шумоёни палиду касиф, муғризу ифлос, қасаму балозада! Чӣ ҳуқуқи маънавӣ доред, ки ба унвони мардуми шариф ва роҳбарияти соҳибобрӯи кишвари соҳибистиқлоламон ҳарзагӯӣ намоед?! Хоину ватанфурӯш, ватангадову хунхориатон намерасид, ки ҳамҷинсгароӣ касб кардед?! Виҷдону инсоф моли бозорӣ нест, ки бо маблағи хоҷагони хориҷиашон харидорӣ намоеду одамӣ шавед!
Наҳзатиёни касиф! Агар, каме бошад ҳам, ақлу идрок медоштед, мебоист ҳамаи ҳамҷинсгароёни куффорро бо зӯрӣ дар саҳрои Кабир ҷойгир мекардед! Бигзор гӯшанишинӣ дар ин биёбони беҳаду канор ҳамҷинсгароёнро ё даво мебахшид ё худ дар комаш фурӯ мебурд! Вале, шумоён худ ба ин бадзотони шайтонӣ пайвастед, ки сазои амалҳои палиди муғризиатон мебошад.
Итминони комил дорам, ки наҳзатиёни касифу бедин, мунофиқу фосиқ овораю сарсон, саргардони ҳам ину ҳам он олам хоҳанд буду дар оташи ҷаҳаннам кӯрдудона азоби сахт интизори онҳост.
Собиров М.С.
-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”