АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД!
- Details
- Published on Thursday, 26 January 2023 09:16
Ҳаёти ҷомеа пуртазоду мураккаб ҷараён мегирад, вале ҳар фарди алоҳида бо мавқеи устувору пешаи созанда бояд масъулияти хешро иҷро намояд. Аксарияти мардуми кишвар бо меҳри ватандорӣ ва садоқат ба Ватан баҳри созандагиву ободонӣ мекўшанд. Вале дар ҷомеаи мо нафароне ҳаёт ба сар мебаранд, дар симо бо ҷомеа пайванданду дар қалб ноустуворанд. Ин тоифаи беирода аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи имрӯза ҳаросида, бо сабаби дарк карда натавонистани воқеияти хол андешаҳои хӯрдагирона баён менамоянд.
Чунин мешуморам, ки ин тоифа тамизи таҳлилу муқоиса надоранду гирифтори иллати бемории ифротгароӣ ҳастанд. Вагарна, мебоист онҳо боре ҳамаи мушкилоти дучор омадаашонро дар муқоиса бо ҳаёти 10‐15 сол қабл бо ҷомеаи давлатҳои дигар баҳо медоданд. Сипас, дарк мекарданд, ки шукронаи сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ бояд кунанду баҳри рафъи мушкилот талош варзанд. Агар ба кӯшишу ғайрати ҷомеа аз канор тамошою баҳодиҳӣ кунанд, чӣ тавр онҳоро метавон узви ҷомеа шуморид.
Узви воқеии ҷомеа нафароне мебошанд,ки бо иродаи қавӣ, садоқату самимияти қалб баҳри ободии диёр мекўшанд. Агар, худи онон қобилияти дарки масъулият, таҳлилу муқоисаи воқеиятро надоранд, пас фардҳои солимақли ҷомеа бояд ба онҳо ҳақиқати ҳолро фаҳмонанд.
Пешвои миллат низ дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд: “Насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд”. Дар робита ба ин мо бояд ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба дасисаи доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем.
Мебояд фаъолону раисони маҳаллаҳо, имомхатибҳои масоҷид, рӯшанфикрону афроди озодандеш якҷоя амал намуда бо сарҷамъӣ баъзе афроди ношукрро аз роҳи каҷу андешаҳои носазо боздорем. Зеро, баҳри пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ҳама масъулем.
Ӯғулой НАБИЕВА,
омӯзгори МТМУ №5,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров