Аз мост, ки бар мост

Мо пас аз мутоилаи мақолаи коршиноси байналмиллалӣ Абдуллоҳ Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” оиди моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад маълумот гирифтем.

Барои мо маълум гардид, ки ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Арзёбии пайвастаи иттилоотӣ ва алоқаи ҳамешагӣ бо аҳли гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимояти марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин масъала маълумоти пурра надоранд.

Барои мо аниқ гардид, кипаҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷандё тахминан беш аз даҳ ҳудуди шаҳри Душанбе баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад, ки мардуми тоҷик бехабар аст.

Ин заминҳо қариб баробари ҳудуди кишвари Люксембург дар Аврупо, ё тақрибан ду баробари ҳудуди кишварҳои Сингапур ва Баҳрайн дар Осиё мебошанд. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, аз Қирғизистон талаб дорад, ки заминҳои аз ҳисоби ҳудуди Тоҷикистон дар ихтиёри худ доштаро баргардонад.

Дар тӯли 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун ин заминҳо, киқонунан аз они Тоҷикистон буд ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд.

То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ ҳоло ҳам вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нӯшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд.

Тибқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми он низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо бо розигии худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд.

Ба назари ҷониби Тоҷикистон, танҳо ҳамон сарҳаде чун “сарҳади мавҷуда” эътироф шуда метавонад, ки ба санадҳои ҳуқуқии сатҳи давлатӣ ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошанд. Аз ин рӯ, “сарҳадҳои мавҷуда” байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ҳамон сарҳадҳои муайяншуда дар доираи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-12927 ва 1932 мебошанд, ки расмияти қонунӣ барои муайян кардани сарҳадро гузаштаанд. Ҳақиқати таърихи нишон медиҳад, ки ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дарсад ба Тоҷикистон таллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Аммо, дар айни замон, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд ва мавқеи Қирғизистон барнагардондан,ба таври ниҳоӣ аз худ кардани ин заминҳост. Дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра ба ҷониби Тоҷикистон аст.

Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозиихоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи бархақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст.

Хулоса, маълумотҳои аниқу дақиқ, ки дар ин мақола оварда шудааст, боварии рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯъ ҳосил намуда, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад.

Имомова М.А. – муаллимаи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии
факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси ДДХ

Add comment


Security code
Refresh