АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДУРӢ ҶЎЕМ

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз яке аз масъалаҳои доғ ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон ва дар мулки ғарибӣ овора гардидаанд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтиданд.

Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа равона шудааст. Имрӯз ташкилоти ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ сулҳу суботи кишвари моро дида натавониста, оромии мамлакатро халалдор намуданӣ мешавад, дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта бештар фирефта гашта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ нигарон набошад. Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Дар марҳалаи навини таърихи башарият рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем.

Ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Дилфуза ҒАЙБУЛЛОЕВА,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДПДТТ ба номи М.Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh