Дар зеҳни ҷавонон андешаи солим парварем

Дар замони муосир дар ҷаҳон чунин вазъияте ба амал омадааст, ки мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо шуда мондааст. Дар мамлакати мо низ аз оғози соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амният дар минтақа ва таъмини амнияти миллӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ муборизаи оштинопазир ба роҳ монда шудааст.

Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ ҷиноят рӯ намегардонанд. Мутаассифона, имрӯз тоифаи хоинони Ватан, саркарда ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар беруни кишвар, дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, бо супориши хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, вазъи сулҳу суботи мамлакати моро ноором кунанд. Ин зумра баҳри амалӣ кардани мақсадҳои худ шаҳрвандони оддии ноогоҳ, бахусус ҷавононро фирефта намуда, ба доми худ кашиданӣ мешаванд. Вале, алҳол тамоми мардуми кишвар чеҳраи аслии ин инсонҳоро шинохта, аз ҳадафҳои нопокашон огоҳ шудаанд ва ҳаргиз ба доми онон намеафтанд. Барои ин тоифаи ватанфурӯш ин оромию осоиштагии кишварашон, пешрафту шукуфоӣ, соҳибистиқлолӣ арзише надорад. Зеро онҳо чун лӯхтакҳо аз пайи иҷрои дастури хоҷагонашон мебошанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми асрҳо миллати тоҷик соҳиби фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарии худ аст ва ин арзишҳоро то ҳол нигоҳ медорад. Маҳз ин тамаддуни пешрафтаи халқи мо, тафаккури зиндагисоз буд, ки мо, тоҷикон, ботаҳаммулона алайҳи мушкилиҳои айём истодагарӣ намудем.

Хоинони миллат, ки мақсаду нияташон ботил аст, ҳаргиз ба нияташон нахоҳанд расид.

Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат аст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашми хеш аз ҳар гуна ғаразҳои бадтинатон эҳтиёт кунем. Бахусус, дар назди мо, омӯзгорону устодон масъулияти бештар меистад, зеро мо бо насли наврас, ки ояндасози давлат аст, кор мебарем. Мо пайваста дар машғулиятҳо ба хонандагон талқин менамоем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, фирефтаи бадхоҳони миллат нашаванд, Ватанро, ин сарзамини муқаддаси аҷдодиро аз ҷон дӯст доранд.

Таҳсил кунанду соҳиби илму дониш, касбу ҳунар гарданд ва баҳри пешрафту рушди кишвари азизи худ заҳмат кашанд, саҳм гузоранд. Бештар аз сенздаҳ сол инҷониб ба муҳассилон аз фанни забони англисӣ сабақ медиҳам. Ва доимо таъкид менамоям, ки забон омӯзанд, дониши хешро мукаммал гардонанд ва дар оянда мутахассиси илмҳои замонавӣ гашта, обрӯи Тоҷикистони азизро дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоранд.

Гулчеҳра ПӮЛОДОВА,
омӯзгори Гимназияи «Кавсар»,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh