Кабирӣ ваҳмак шудааст?!

Масъулини Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ғаразе доштанд дасисаи наверо тарҳрезӣ намоянд ва бо ин нияти нопок палидонеро ҷамъ мекарданду дар навбати аввал Кабирии маккор ва ҳаммаслакони рӯбоҳмиҷози наҳзатиро даъват карданд. Кабирӣ, ки илоҷи рад кардани даъватро надошт ба толор ворид гардиду ҳамаи нишастагонро дар ҳайрат гузошт. Зеро, чеҳраи разилу айёри ӯро шинохта намешуд. Тамоми рӯяш пури табхолу яраҳои дигар буду ҳатто ниқоби тиббӣ онҳоро пӯшида наметавонистааст. Ҳозирини лолмонда аз сироятӣ будани ин бемории Кабирӣ хавф бурда ба муҳофизон дастур доданд, ки ҳарчи тезтар ин бадбахтро аз толор берун кунанду бигузор бо тариқи онлайн дар чорабинии имрӯза иштирок намояд. Ба эътирозу пойфишорииКабирии муртади балозада нигоҳ накарда ӯро аз толор берун сохтанд ва ӯ дар ҳуҷраи паҳлӯӣ бо тариқи видеоконференсия ба иштирокчиёни чорабинӣ пайваст.

Аз ваҷҳу чеҳраи даҳшатовари Кабирӣ аён буд, ки ӯ дар хашму алам аст ва садорати чорабинӣ раҳмоварӣ карда пурсони ҳолаш шуданд. Кабирии фосиқи худозада ба ҷойи шарҳу аҳволи худ аз масъулин талаб намуд, ки ба ӯ моҳияти амали худро фаҳмонданд!? Муддаои Кабирии лаин дар он буд, ки барои чӣ «Ҳизб –ут –Таҳрир» , ки мисли наҳзатиён ба ватанфурӯшӣ шӯҳрат надорад, дар Афғонистон аз қайди расмӣ гузаштааст? Ё худ хоҷагони аҷнабӣ наҳзатиёнро ҳизби бекора шуморида дигар такя ба он надоранд? Дурнамоии ин амалҳо чист?

Масъулини САҲА аз чунин гуфтору рафтори нафари беномуси мазҳабфурӯш дар таҳти дил хеле хандиданду лек дар зоҳир бо айёрӣ ба ӯ гуфтанд, ки хавотир набошад. Аён гардид, ки беморию намуди марази Кабириро сабаб қайди расмӣ пайдо кардани «Ҳизб –ут –Таҳрир» будааст ва аламаш аз беқадрию беобрӯи худаш будааст.

Аслан, бояд худи Кабирӣ бо тӯдаи ҳампаҳлӯяш мебоист андеша мекарданд, ки солҳои охир чӣ натиҷа доранду бар хоҷагони маблағгузор чӣ нафъе овардаанд? Зеро, доимо аробаро хушку холӣ медавонанду ғайр аз бӯҳтонбофӣ, иғвогарӣ, дасисабозӣ, риёкорӣ ва ҳоказо чизи дигар натавонанд! Чунин афрод дар замони муосир теъдоди сершумор доранду хоҷагонро интихоби васеъ!

Шояд Кабирии ҳилагари авомфиреб тарсидааст, ки маблағгузории муфти хоҷагони аҷнабӣ қатъ мегардаду наҳзатиёнро маҷбур менамоянд, ки ба Ватани аслӣ баргарданд?! Дар ин ҳол метавон тасаввур кард, ки наҳзатиёни палиду разилро чӣ рӯзҳои даҳшатбор интизор аст. Беҳтараш наҳзатиён худкушӣ кунанд, аммо ҳатто ба ин амал ҷуръати мардонагӣ надоранд. Пас чӣ бояд кард? Боз ҳам зону нишастану таъзим кардан ба хоҷагони маблағгузор мемонад, ки барои чоплусони наҳзатӣ амали одатӣ шудааст. Тамаллуқкорӣ мекунанду луқмае ҳаром ба фарзандон мебаранд, лек дар байни мардум аз пасткашиҳои худ нишон надода худро сарбаланду сипо метарошанд. Дар асл бошад, ба қадри наъли корхӯрдашудаи маркабе қадр надоранду ҷорӯби таърих хоки онҳоро бо осонӣ барбод хоҳад дод.

Собиров М.С.
– дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Add comment


Security code
Refresh