ВАҲДАТ-НАҶОТИ МИЛЛАТ

Вожаи Сулҳ - ин якдигарфаҳмӣ, толиби осоиштагӣ будани ин ё он халқиятро таҷҷасум месозад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинатӣ ва миллатдӯст буданро ифода мекунад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рўзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад.

Сулҳу субот ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард буда, ҳифз ва пойдории он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз рўзе, ки байни мухолифин ва ҳукумат шартномаи оштӣ, тинҷиву осоиштагӣ ва ягонагии миллӣ баста шуд, дар тамоми ҷабҳаҳои кишвар пешрафту шукуфоӣ ба чашм мерасид. Созишномаи миллӣ аҳамияти сиёсӣ ва маънавӣ дорад, ва бояд одамон аз ҳодисаҳои таърихӣ сабақ омўзанд. Маҳз баъди баимзорасии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар диёри ҷангзадаи мардуми тоҷик боз шодиву сурур, хурсандиву хушнудӣ ва тиносоиш танинандоз гардид. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии кишвар аст, зеро ҳар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ хукмфармост, то давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёт пеш меравад ва қавитар мегардад.

Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷахонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан, эҳтирому эътироф менамоянд.   Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Раҳмонова М. Ғ.
– номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси
бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, ДДҲБСТ

 

Add comment


Security code
Refresh