ИФРОДГАРОӢ ВА ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида мегардад. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористи манфиатдор дониста мешаванд. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда,махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Дар чунин вазъи пешгуинашавандаи сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистлн, устувории ҷойгоҳи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Сино ҒАФУРӢ-сармутахасиси
шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh