ҲИДОЯТГАРИ РОҲИ РОСТ БОШЕМ!

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон касро водор месозад, ки бисёртар андеша намуда, сипас амал намоянд. Зеро дар тамоми ҷаҳон гурӯҳҳое арзи ҳастӣ намудаанд, ки бо ҳар роҳ метавонанд ба мафкураи ҷавонон таъсир намуда, онҳоро ба роҳҳои ғайриқонунӣ раҳнамун созанд. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ин амалҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад.

Зеро ин гуруҳҳо ҳамеша аз паи он ҳастанд, ки ҷавононро ба ин ҳаракатҳои ифротӣ дохил намуда, гумроҳ созанд. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди кишвар, ҷавонони бонангу номус ва ватандӯстро лозим аст, бо амалҳои неки худ собит созанд, ки фарзанди диёри худ ҳастанду барои осоиштагии ин кишвари азиятдидаи худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бале, имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад. Имрӯз сабабҳои шомилшавии бархе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва дигарҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.

Айни замон чандин гурўҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Мегӯянд, ки террорист на ватан дораду на миллат. Барои онҳо муқаддасоти ватану ватандорӣ бегона аст. Ва имрӯз ҳар як ҷавонро лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи сохти конститутсионии кишвар муборизаи беамон баранд.

Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфии кишварамон саҳми худро гузоранд. Зеро ин ободию осоиштагӣ ва ҳам гулгулшукуфии Ватани азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Гулоро ҚУРБОНОВА,
сарвари Маркази солимии
репродуктивии ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh