ДАСТ АЗ МАРЗИ ТОҶИК БАРДОРЕД!
- Details
- Published on Thursday, 29 September 2022 12:15
Сар задани муноқишаҳо атрофи масоили сарҳадӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оқибат ба задухўрдҳои хунин оварда расонид. Амалиёти нангину нафратовари ҷонфидо, ки бо ташаббуси қирғизҳо сар зад, аз ҷониби кулли тоҷикистониён маҳкум карда шуд. Ҳамсояи марздузди қирғиз косаи сабри мардуми тоҷикро лабрез сохта, маҷбур намуд, ки тоҷики мурувватписанду мадоропеша синаи хешро сипар сохта, дар ҳифзи марзу буми азиз бархезад.
Чун имрӯз ба манотиқи марзии баҳсӣ назар афканем, муносибати мусаллаҳонаву тороҷгариҳои разилонаи қирғиз, хонасӯзиву тирандозиҳои ваҳшиёнаи онҳо ба чашм мерасад. Амалиёте, ки тоҷикон баҳри дифои Ватан гузаронида истодаанд, дар роҳи таҳкими саодат, анҷоми рисолат, нафъи разолат, маҳкуми хиёнат ва пойдории адолат равона гардидааст. Миллати тоҷик дар таърих чун халқи адолатхоҳ, сулҳҷӯву ваҳдатталаб сабт гардида, бартарии сулҳро аз ҷанг, муттаҳидиро аз парокандагӣ хуб медонанд. Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро кулли оламиён эътироф карда, ҳамчун намунаи ибрат пазируфтаанд. Ба василаи ҳамин арзиш мардуми Тоҷикистонро ҷаҳониён вологуҳару некназар, ваҳдатписанду покмазҳар мешиносанд. Тоҷикистони таҳаммулпазир ҷонибдори созишу эътирофгари тақсимоти марзии дар харитаи сиёсии ҷаҳон овардашуда ва дар Конститутсияи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон сабтгардида мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамсояи сустиродаву ҷангталаб, бодиянишину марздузд даъво ба хоки Меҳани азизи мо карда бошанд. Ҷон фидо гардад ҳам, як пораи хоки Ватанро ба касе нахоҳем дод.
Дар хуну қалби ҳар як тоҷик Ватан чун модар азизу муътабар сабт гардида, ҳифзи ҳар қатра обу ҳар зарра хок, ҳар дона сангу ҳар ваҷаб замини он чун гавҳараки чашм муҳим ва аввалиндараҷа мебошад. Эй ҳамсояи даъвои душманидошта, аз хашми тоҷикистониёну аз захми тири ҳадафраси онҳо битарсед. Аз ҳифзи ҷоннисоронаи қаҳрамонони тоҷик бигрезед. Даст аз марзи тоҷик бардоред!
З.КОМИЛОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров