ХУДОЗАДАГОНИ ВАТАНФУРЎШ

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асри миёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низомӣ зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеъаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳи ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии ”пирон” ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад.

Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба хотири сулҳу Ваҳдати Миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ тамоми гурўҳи ҷиноятӣ то соли 1997 аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва аъзои он ба вуқуъпайвастаро бахшидаанд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозат додаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасо шӯравӣ ТТЭ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қалмрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯйистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст.

Айни ҳол бошад, ин худозадагон эътирозҳои беасос ташкил намуда истодаанд. Имрўзҳо дар сомонаҳои интернети хоинон инсоният на фақат миллат чунон дурўғу бўҳтонҳое ба давлати осудаву гул-гул шукуфон карда истодаанд, то ки ҷавонон ва халқи осударо роҳ гумзанонанд. Роҳбари ташкилоти террористии ПМТ зимни суҳбати онлайнияш дар шабакаи иҷтимоии ютуб  сабаби аслии ноамниву бесуботиҳо дар кишварро маҳз мақомоти Тоҷикистон донист. Ӯ гуфт, чор панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзо дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Боқимонда, ҳамаи ниҳодҳо иҷрокунандаи фармони ин нафарони андак мебошанд.

Онон падарсолори дӯрӯғгӯён буда, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додаанд, он қадар дурӯғ коридаанд, ки ҳисобашон гум аст. Онҳо бо ин шайтонии худ мардумро аз қафои худ бурда наметавонанд.

Дини ислом иғвогарӣ, дуруғ ва тўҳматро манъ намудааст. Худованди карим дар сураи Тавба ояти 119 фармудааст: «Эй ононе, ки  бо Худо имон овардед, аз Худо битарсед ва аз гурўйи ростгўён бошед».

Халқи шарафманди тоҷик хоҳони зиндагии осоишта аст. Касе наметавонад моро бо дурўғи худ харад. Халқи тоҷик сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ намуда, тоифаи нокасу ночизи ҷомеаро эътироф намекунад.

Азимова Н.С.
- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табатшиносии муосир
, ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh