ХИЁНАТКОРОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Бетартибию қонуншикании як гурўҳе, ки дар Бадахшон санаҳои 16-18 майи соли равон ташкил карданд, боиси ташвишу изтироби ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон гардид.

Гурўҳе, ки аз номи тамоми сокинони Бадахшон сухан мегуфтанд, шахсоне буданд, ки бо супориши сарпарастони хориҷии худ амал карда барои аҳолиро ба муқобили ҳокимияти конунӣ равона кардан кўшиш менамуданд.

Яке аз сарварони бетартибиҳои Бадахшон шахсе буд, ки дар мақоми қудратии давлатӣ фаъолият намуда, унвони генералӣ дошт, ки ў Холбаш Холбашов ба шумор мерафт. Ў ба ҷойи он, ки ба давлату ҳукумат содиқона хизмат намояд ба дастаи хоинону ҷинояткорон роҳбарӣ намуда, нақшаи сарнагун кардани ҳокимиятро дошт. Ў бо хоҷагони хориҷӣ бо воситаи кормандани баъзе сафоратҳои хориҷӣ алоқа намуда, аз онҳо пулҳои зиёд ва супориш мегирифт.

Чунин рафтор хиёнат ба давлат ва қасами ҳарбӣ мебошад. Барои Холбаш ва ҳаммаслакони ў Ватан, миллат фарқияте надорад, барои онҳо пул, сарват ва бегонапарастию ҷинояткорӣ аҳамияти муҳим дорад. Бояд қайд кард, ки мардуми осоиштаю ватандўстӣ Бадахшон хуб медонанд, ки хиёнату ҷиноят ва бегонапарастӣ, чунин шахсон буд, ки Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардида, боиси фоҷиаю харобиҳои зиёд гардид.

Имрўз шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, бо меҳнати осоишта машғул мебошанд.

Солиходжаева С.
– муаллимаи калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh