СУЛҲУ СУБОТ – ОЛИТАРИН АРЗИШ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Мақсади асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин муттаҳидсозии кулли сокинони кишвар, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии марзӣ мебошад. Таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам, таҳлили ҳолат ва вазъи сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳалли ин вазифа басо муҳим мебошад.

Бидуни ҳукмфармоии фазои ороми сиёсӣ давлат қодир нест, ки ба ҳадафҳои стратегӣ, созандагиву ободонӣ ва рушди некӯаҳволӣ дар сатҳи зарурӣ дастёб гардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки амниятро ҳамчун вазъияти муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат пазирем. Зеро манфиатҳои миллӣ ҳамеша ниёз ба ҳимояву пуштибонӣ доранд. Чунин кирдор аз муносибати ҳар як шахс ба манфиати миллӣ вобастагӣ дорад. Воқеаҳои солҳои охир, инчунин муносибати геополитикии кишварҳои дуру наздик зарурати амалӣ гардонидани идеяҳои консепсияи амнияти миллиро тақозо менамояд.

Имрӯз бо баробари боло рафтани ҳисси худшиносии миллӣ, дарк намудани ҷавобгарӣ дар назди Ватанмодар, иродаи матин дар амри муҳофизати Ватан, хусусан минтақаҳои марзӣ ҳимояи ҳар як ваҷаби хоки меҳан ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дар умқи қалбу шуураш ҷой дорад.

Ҷумҳурии мо дорои неруи азими иқтисодию илмӣ ва ақлонӣ мебошад, ки имконияти кишварро барои рушди устувор муайян карда метавонад ва барои муайян намудани дурнамои стратегии амният ва бехатарии давлат заминаи воқеӣ гузошта метавонад.

Ш.ШУКРОНИЁН,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh