Нест бод хоинони миллат

Имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.

Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрўзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурўғ медиҳанд.  Вале халқи тоҷик кўр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.

М.Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Апрупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷии кишвар аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Имрўз ў тўҳматчигиро пеша кардааст.

Кӯшиш менамоем, ки донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд ва мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд.

Азимова Н.С.
- мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh