Муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ – мақсади асосӣ

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани занону кудакони тоҷик аз азобу шиканҷа дар мулки ғариб, баровардан аз диёри бегонаи пурғурбат ва ворид кардани онҳо ба ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон мебошад, зеро аксарияти ин занҳои оиладор аз кишвари ҷангзадаи Сурия баргардонида шуда, фирефтаи аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гашта ба минтақаҳои ҷангзадаи давлатҳои ДИИШ рафта буданд.

Боиси шукргузории ҳар яки мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин сарвари ғамхору меҳрубон дорем. Давлатҳои зиёданд, ҳатто давлатҳои ба мо ҳамсоя низ нафароне, ки бо мақсади дар ҷангҳои ДИИШ иштирок намудан аз кишварашон берун шудаанд (хоҳ аз беоогоҳӣ бошад ҳам) онҳоро хоин эълон намуда, баргашта омадани онҳоро ба кишварашон манъ кардаанд. Яъне онҳо ин нафаронро тамоман ба кишвари худ дигарбора роҳ намедиҳанд.

Мақсад аз ин сиёсат баргардонидани шаҳрвандони мазкур аз гумроҳӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва ояндаи дурахшон ба кӯдакони бегуноҳи онҳо мебошад.

Зиёмиддинов Б.
– мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh