МАНФИАТҲОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ ҲНИ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
- Details
- Published on Wednesday, 04 September 2024 22:27
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки бо дарназардошти ҳолатҳои ба амалҳои террористӣ даст задани фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.
Вале, баъди манъ гардидани фаъолияти ҳизби мазкур дар кишвар роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он ба хориҷӣ фирор намуда, фаъолияти террористии худро то ҳол давом дода истодаанд. То ба имрӯз аъзоёни ҳизби мазкур аз ҷумла Кабирӣ, М. Садриддин, Ҳ. Ашуров, Ш. Муҳаммад, Ш. Гадоев ва чанде дигар дар хориҷа қарор гирифта, бо сиёҳ намудани миллат ва давлати худ ва ба ин васила паст задани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ машғул мебошанд.
Хушбахтона аз ҷониби Прокуратураи Федератсияи Россия ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон карда шуда, фаъолияти он дар ин кишвар низ манъ карда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия сафар намуда, фаъолияти корӣ мебаранд. Ҳамзамон, аз таҳлилҳо бар меояд, ки қисми зиёди фиребхӯрдагони ташкилотҳои террористӣ аз ҷумла ҲНИ, ки дар ҷангҳои бемаънии Сурияву Ироқ иштирок ва ба ҳалокат расидаанд аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Вобаста ба ин, боварии комил дорем, ки террористӣ эълон ва манъ гардидани фаъолияти ҲНИ дар Россия ба эмин будани муҳоҷирони кориамон аз доми ин террористон мусоидат менамояд.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳамаи кирдорҳои террористонаи ТТЭ ҲНИ огоҳ буда, дигар дубора намегузорем, ки бо найрангу суханҳои бофтаи худ Ватани азизамонро ин хоинони миллат ба доми ҷанг кашанд. Умеду боварӣ дорем, ки дар вақтҳои наздик давлатҳое, ки ин ташкилоти террористиро сарпаноҳи мекунанд, аз мақсадҳои аслии ин хоинон огоҳ гардида, фаъолияти ин ҳизбро дар кишварҳои худ манъ менамоянд.
Ахмедов Ш.Ш.
– сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ