НЕСТ БОД ХИЁНАТКОРӢ!

Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.

Чанде пештар тариқи телевизион, шабакаҳои интернет ва дигар манбаъҳо оид ба бесару сомониҳо дар ВМКБ маълумотҳо паҳн карда шуд. Тариқи телевизионҳои маҳаллӣ филми “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки нафрати мардумро нисбати хоинони миллат беандоза намуд. То ба дараҷае баъзе нафарон ба пулу мол дода мешаванд, ки халқи худро гумроҳ намуда, зери хатар мегузоранд ва боиси аз ҳаёти ширин маҳрум гардидани онҳо мегарданд.

Амалҳои террористии содир намудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардид ва онҳо дастгир шуданд.

Солҳои дароз хоинони миллат мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯрониданд ва онҳоро дар нимароҳ монда, баъзе нафарон худ фирор кадаанд. Акнун аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро буғранҷ кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.

Мамадбоқиров Мамадбоқир ба таври ошкоро дар маҳаллаи «Хоруғи боло»-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода, даст ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, инчунин терроризм задааст. Ӯ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошт. Аз ҷумла, бо супориши роҳбарони фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бетартибиҳои оммавӣ ташкил менамуд.

Ба Мамадбоқиров Мамадбоқир барои даст доштан дар ҷиноятҳои худ 32 Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои гуногуни КҶ ҶТ тартиб дода шудааст.

Мамадбоқиров М.К. аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, инчунин халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.

Мамадбоқиров М.К. аз бетарафӣ ва муросокории баъзе сокинони шаҳри Хоруғ истифода бурда, фарзандони онҳо, ҷавонони аз назари донишу ҷаҳонбинӣ заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой намуд.

Мафкураи ҷинояткоронаи Мамадбоқиров М.К. боис гардид, ки ӯ бо ҳаммаслакони ҷинояткораш ба муноқиша даст зад. Зимни муноқиша, Мамадбоқиров М.К. ва чанде аз ҳаммаслаконаш аз силоҳи оташфишон ҳадафи тир қарор гирифта, охирин кушта шуд.

Мутаассифона, бетафовутӣ, бехабарӣ, нодонӣ, ноогоҳӣ, хурофотзадагӣ, мазҳабароӣ рўз то рўз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ меафзояд. Аз ин рў мо бояд барои бедор кардани эҳсоси миллӣ, рўҳи ватандўстӣ, боло бурдани худшиносии мардум тадбирҳои мушаххас биҷўем ва роҳҳои муқовиматро ҷустуҷў намоем. Мардуми кишвари азизамонро ба сўи бедорӣ, ҳушёрӣ ҳидоят менамоем ва бо ин роҳ садди роҳи нерўҳои осебрасон ба миллат ва кишварро бигирем.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Азимова Н.С.
- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh