Терроризм хатари он ва принсипҳои мубориза бар зидди он

Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлатҳо ва минтакаҳо воқеан таҳдид менамо­яд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ дошта буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро, тақозо менамояд. Таҳди­ди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо мекунад. Зуҳуроти терроризм ва экстремизм (иф­ротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи давраи соҳибистиқлолият ва соҳибихтиёрии он ба мушоҳида мерасид. Объектҳои таҷовузи терро­ристӣ ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор мегирифтанд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ; гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва яроқ, ҳамчун манбаи асосии маблаггузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии худ ҳанӯз ҳам таҳти таҳдиди хатари таҷовузи терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалӣ қарор дорад. Ба ин маънӣ вазъи ниҳоят мураккаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар он як қатор марказ ва созмонҳои динӣ-экстремистӣ, пойгоҳҳои тарбияи террористон ва таҳрибкорон амал мекунанд, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ до­рад. Ҳанӯз ҳам муҳоҷирати меҳнатӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва яроқ ба Ҷумҳу­рии Тоҷикистон идома дорад.

Васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари тер­роризм ва экстремизм (ифрот­гароӣ), танзим нагардидани муносибатҳои байнидавлатӣ, ки боиси ба миён омадани тер­роризм мегардад, муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва маҳдуд, сохторҳои афзояндаи ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ дар шарои­ти имрӯза барои осоиш ва ам­нияти байналмилалӣ таҳдиди глобалӣ дорад.

Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихан дар он ҷойгир аст, ба минтақаи бархӯрди (тақсими) манфиатҳо табдил ёфт. Дар навбати худ аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақа истифода бурда, ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷинояти муташаккилона ва қочоқи маводи нашъа­овар авҷ гирифт. Бо дарназардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона ва устуворона барои муттаҳид сохтани нерӯ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва глобалӣ баромад намуда, дар иттиҳоди давлатҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми (ифротга­роӣ) байналмилалӣ мубориза мебаранд, фаъолона иштирок менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубо­риза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ва экст­ремизм (ифротгароӣ) бояд ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сар-фи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар нигаронида шавад.

Инчунин тибқи созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ), ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба тер­рористон паноҳгоҳ, фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм ва экстре­мизм (ифротгароӣ) таъсис диҳад ва таблиғоти террористӣ ва экстремистиро (ифротгароиро) пешгирӣ намояд.

Терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) имрӯза ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил дода­ни системаи муассири мубори­за бар зидди терроризм ва эк­стремизм (ифротгароӣ)-ро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқдтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад. Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай­налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре­мизми (ифротгароӣ) байнал­милалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво­ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Заминаи муҳими чунин система, маркази асосии танзимгари муносибатҳои байналмилалӣ бояд Созмони Милали Муттаҳид бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки таҳти роҳбарии Созмони Милали Муттаҳид ва заминаи устувори санадҳои байналмилалии ҷомеаи чаҳонӣ стратегияи глобалии муқовимат ба таҳдиду хатари навро ташаккул ва татбиқ намояд.

Мақсад ва вазифаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз инҳо иборатанд:

1.Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ).

2.Барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.

4.Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта.

5.Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) иштирок намудаанд, инчунин муқовимат ба маблағгузории амали терро­ристӣ.

6.Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди терроризм ва экстремизм (иф­ротгароӣ) мубориза мебаранд.

7.Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) беш аз пеш меафзояд.

8.Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблағгузории амали террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ).

9.Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналми­лалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тер­роризм ва экстремизм (ифротгароӣ).

10.Беҳтар намудани ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатии назорати молиявӣ бо созмонҳои байнал­милалӣ ҷиҳати ошкор намудан ва пешгирии маблағгузории терроризми байналмилалӣ.

Ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳалли вазифаҳои му­бориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) Ҷум­ҳурии Тоҷикистон принсипҳои зайлро ба роҳбарӣ мегирад:

-муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстре­мизм (ифротгароӣ);

-таъмини ногузирии ҷавобгарии ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам воқеӣ барои иштирок дар фаъолияти террористӣ ва экст­ремистӣ (ифротгароӣ);

-муносибати маҷмӯӣ барои муқовимат бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) бо истифодаи ҳама тадбирҳои пешгирикунанда, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра;

-муқовимат ҷиҳати дар кӯшишҳои байналмилалии му­бориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) истифода набурдани «стандартҳои дугона»;

-риояи қатъии принсип ва меъёрҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ.

Алимов Б.Ҳ.
– мудири кафедраи муносибатхои байналхалкии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh