Фитнаи барангехтаи душманон шикаста шуд
- Details
- Published on Thursday, 30 June 2022 15:23
Вақтҳои охир дар ин минтақаи кишвар каме норомиҳо ба назар мерасид ва дар миёни сокинони осоишта чанд нафаре барои гумроҳ сохтани мардум кӯшиш доштанд. Маълум буд, ки дар пушти ҳамаи ин амалҳо афрод ва ё гурӯҳҳои манфиатхоҳе даст доранд.
Бо вуҷуди корҳои зиёди фаҳмонидадиҳӣ, вохӯрии масъулини вилоят бо сокинон, муроҷиатномаҳо ин раванд боз идома пайдо кард. Дар ниҳоят тибқи маслиҳати пешакӣ гурӯҳе даст ба нооромӣ зада, роҳи байналмилалиро аз ҳудуди ноҳияи Рӯшон бастанд ва бо даъватҳои паопайи мақомот роҳро боз нанамуданд ва оқибат ба бархурди мусаллаҳона оварда расонид. Шояд баъзеҳо фикр мекарданд, ки чӣ омил боис гардид, ки ин афрод ба ин кор даст зананд. Ба ҳамаи ин андешаҳо филми мустанади “Шикасти фитна” посух дод. Дар филми мустанади “Шикасти фитна” бо овардани далелҳо дида мешавад, ки дар паси ҳамаи ин дасисаҳо боз ҳамон хоинону душманони миллати тоҷик истодаанд. Дида мешавад, ки барои роҳандозӣ кардани амалиётҳо роҳбарияти Паймони зиддимиллӣ бо роҳбарии Алим Шерзамонов даст ба кор шудаанд. Ин шахс бо саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ М.Мамадбоқиров тамос гирифта, мақсаду ҳадафи лоиҳаро мефаҳмонад. Дар ин кор Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева низ барои пиёда кардани ҳадафҳои амалҳои ҷиноӣ даст доштаанд. Чуноне ки дида мешавад барои ноором намудани вазъ дар Хоруғ маркази маъмурии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз М.Мамадбоқиров ва барои роҳандозӣ намудани ин гуна амал дар ноҳияи Рӯшон аз Холбаш Холбашев истифода бурдаанд. Сабаби интихоби ин ду нафар маълум аст, чун онҳо дар миёни мардуми ин минтақаҳо бо роҳи додани ваъдаҳои пӯч пайравоне доштанд ва боистифода аз тарғиб метавонистанд шахсони зиёдеро ба гумроҳӣ бурда, дар атрофи худ ҷамъ намоянд. Ҳамчунин, бо истифода аз Улфатхоним Мамадшоева барои амалигардонии ҳадафҳо дида мешавад, ки маблағҳои пулӣ аз ҷониби Алим Шерзамонов равона гардидааст.
Дар филм Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев изҳор медоранд, ки дар воқеъ барои амалигардонии чунин ҳадафҳо фаъолият кардаанд. Дар ин кор ҷосусони хадамотҳои махсуси кишварҳои хориҷӣ низ бо Улфатхоним Мамадшоева дар робита будаанд ва борҳо бо ҳам вохӯрдаву нақшаҳо кашидаанд. Холбаш Холбашев низ аз ҳамкорӣ бо Алим Шерзамононв ва М. Мамадбоқиров сухан ронда, ҳадафҳои амалиётро баён мекунад. Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев аз фаъолияти ғаразноки худ пушаймон гардида изҳори таассуф мекунанд ва аз мардуми Бадахшон барои чунин фаъолияти ғаразноки худ узр мепурсанд. Аммо, чӣ суд? Бо роҳандозии чунин амалашон чанд нафар гумроҳ гардид ва чанд нафар қурбон шуд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар паси ин рӯйдодҳо дида мешавад, ки душманони миллати тоҷик боз бо ҳадафҳои иғвогарона барои рӯйпӯш намудан ва аз “об хушк” баровардани худ, ки гӯё умуман ба ин амалҳо рабт надоранд, кӯшида баръакс мардумро барои нооромӣ дар ин минтақа даъват мекунанд. Аммо бояд бидонанд, ки филми мустанади “Шикасти фитна” фитнаи барангехтаи онҳоро шикаст. Мардуми кишвар даст доштани чӣ касеро дар пайи ин рухдодҳо дарк намуд. Дигар фитнаҳои онҳо пайи ҳам шикаста хоҳанд шуд.
Пас аз дидани филми мустанади “Шикасти фитна” ва дарки воқеият мардуми кишвар бори дигар аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллат огоҳ гардид. Бояд аз ёд набарем, ки ин хоинон ва душманони миллат ҳама вақт дар пайи барангехтани чунин фитнаҳо ҳастанд ва барои ин дар ҷустуҷӯйи вақти муносибанд. Аз ин рӯ бояд ҳушёр буд, то бозичаи дасти чунин фитнагарон нагардид. Барои дарёфти чанд луқмаи нопок лозим нест, ки сабаби нооромиву бадбахтии мардум ва аз ҳама бадтар хоини миллат гардид. Мегӯянд, ки шер дар беша баъзан рӯзҳову ҳафтаҳо гурусна мегардад, аммо мисли лошахӯрон аз пайи луқмаи нопок намегардад ва ҳамеша ҳувияти худро ҳифз мекунад. Мардуми кишварро зарур аст, ки дар вазъи кунунии ҷаҳон, ки ҳар кишваре дар пайи ҳифзи арзишҳои худ камари ҳиммат дорад, ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар ва арзишҳои фарҳангии хеш камар банданд ва дар роҳи пойдории онҳо сарҷамъона саҳмгузор бошанд.
Назарзода Ш.