ХАЛҚИ МО ДИГАРБОРА ФИРЕФТАИ ДАСИСАБОЗОН НАМЕШАВАНД
- Details
- Published on Thursday, 30 June 2022 15:22
Таърихи чанд соли охир исботи он аст, ки бунёд намудани ҲНИ ин худ ба мақсади тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмон буду мемонад. Ин аст, ки тамоми руҳониёни машҳури тољик ин ҳизби бенатиљаро ҳатто қабул ҳам надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи ғояҳои ваҳҳобӣ эътироф намудаанд. Имрўз бошад, бархе аз намояндагони он ба мисоли Кабирӣ аз карда пушаймон даст ба иғво ва кина задааст. Ростӣ мо аз як нуқта дар ҳайрат мемонем. Дар ҳар як баромади худ Кабирӣ худро чунон донишманде мепиндорад, ки гўё ба мисли ў ягон «олим ва сиёсатмадори комил» дар олам набошад. Лекин саволе ба миён меояд, ки ба олим ва донишманд дар чунин шакл андешаронӣ намудан оё раво аст, зеро аз матни гуфтаҳои ў ба ғайр аз бўи бахилӣ ва кинаву адовад дигар чизе пай бурдан мушкил аст. Чунин пай бурдан мумкин аст, ки ў ба ғайр аст сафсатта ва гапҳои пучу бемаънӣ дигар чизе гуфта наметавонад. Имрўз бошад ў даст ба кинаву адоват задааст, ки нобахшиданист.
Бо як маъно мегўем, ки кинаварзӣ ва иғвогарии Кабирӣ дигар аз ҳадду меъёри худ кайҳо гузаштааст ва ҷойи қабулу таҳаммули он нест. Дар замоне, ки ҷавонон дигар он ҷавонони гумроҳ нестанд, ки пайи андешаҳои носолим равона гарданд. Имрӯз ҷавонон хеле донову зираканд ва ҳушёриву зиракии худро аз даст надода, намегузоранд, ки хоинони миллат аз қабили Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мафкураи онҳоро заҳролуд созанд.
Имрўз ҳар як ҷомеа, давлат, кишвар ва худи инсон аз пайроҳаи пур аз шебу фароз, пастиву баландиҳо бо устуворӣ ва қаҳрамонона убур мекунад ва ин қонуни зиндагист. Мо тоҷикон аз даврони қадим ин гуна роҳҳои пурпечутоби зиндагиро паси сар кардаем ва имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо умр ба сар мебарем ва он рӯз ба рӯз зебову гулафшон ва шукуфо гашта истодааст. Имрўз мо бояд донем, ки бо ташабус ва саҳми арзандаи ба чунин зиндагии осуда омада расидаем. Мо бояд ба шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки аҳриманпешаҳое чун Кабирӣ ва пайравонаш ба гулистони ҳамешабаҳори мо чашм ало кунанд. Ҳақ бар љониби шоири тољик ки менависад:
Мевае ширинтар аз фарзанд набвад дар ҷаҳон,
То тавони ин самар бо рангу бӯи хуш расон,
Ранги хуш рӯи хуш асту, бӯйи хуш ақли расост,
Гар набошад ин ду хислат зиндагӣ моро хатост.
Имрўз моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба воқеаҳои рухдодаистода вокуниши саривақти баён дошта, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем. Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин гуруҳҳои ба ном озодандешу дар асл ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷӯянд. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои аҳмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.
Санавбаров Ғ.Б.
– дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ