ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Расидан ба Ваҳдати миллӣ дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз воқеаҳои муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ роҳи тӯлониву душвореро паси сар кард. Дар ибтидои муноқишаҳои дохилӣ байни намояндагони Ҳукумати иҷроия ва неруҳои даргир баъзе кӯшишҳо барои музокирот ба харҷ дода шуда буданд, аммо амалан баҳри бартарафсозии низоъ чорае андешида нашуд.

Задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурўҳҳои мусаллаҳ, ки моҳи майи соли 1992 рух дод, ба кишвари тозаистиқлоли мо хисороти зиёде овард. Мутаассифона, ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз уҳдаи пешгирии хунрезиҳо дар кишвар набаромад. Вазъият дар пойтахти Ватанамон– шаҳри Душанбе ба андозае ноором буд, ки тамоми идораҳои давлатӣ зери таъсири гурӯҳҳои силоҳбадаст гузашта буданд. Шўрои Олии мамлакат, хоса вакилони халқ натавонистанд ҷаласаи худро дар пойтахт баргузор намоянд. Зеро, талаби майдоннишинҳо ҳар лаҳза дигар мешуд.

Ин аст, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват карда шуд. Дар иҷлосияи мазкур, ки таърихиву тақдирисоз ном гирифтаасту аз 16‐уми ноябр то 2‐юми декабр идома ёфт, 23 масъалаи умда баррасӣ гардиду қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Танҳо баъди ин 19 уми ноябри соли 1992 бо ҷонибдории 186 вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Вазъи баамаломада ва дарки масъулияти роҳбариву манфиатҳои олии миллӣ Сарвари нави давлатро водор сохт, пеш аз ҳама ҷасуриву матонат ва тарзу усулҳои ғайримуқаррарии роҳбариро пеша намоянд. Ҳамагон хуб медонем, ки баъди интихоб гардидани Раиси нави Шӯрои Олӣ низ ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ пурра ба итмом нарасида буд, вале бо вуҷуди ҳамин дар ҳаёти сиёсии мамлакат тадриҷан дигаргуниҳои куллӣ ба вуқўъ мепайвастанд.

Дар вазъи душвори сиёсӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ таҳким бахшида, бо мақсади бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз рўзҳои аввали масъулияти олии давлатдориро ба зимма гирифтан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Якум ин ки мебоист дар қаламрави кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида, гуфтушуниди самаровар оғоз карда мешуд. Дуюм, гурезагони иҷборӣ ба Ватан баргардонида мешуданд. Ҳамчунин, ба масъалаи риояи қатъии қонуният, таъмини халқ бо маводи ниёзи аввал–нон мебоист чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Зарур буд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб шавад. Табиист, ки иҷрои ин мақсаду ҳадафҳо кори саҳлу сода набуд. Аз ин пас бо мақсади ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ба қувваи солими дохилии мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ умед карданд. Аз ҷумла, санаи 19 ‐уми ноябр Муроҷиатномаи вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ интиқол гардид. 20‐уми декабр бошад, Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли СММ ирсол шуд.

Баъди Муроҷиатномаи Сарвари давлат Дабири кулли СММ ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир ва нисбати ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ қарорҳои махсус қабул кард. Фосилаи кӯтоҳи вақт собит намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз он солҳо ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, таҷрибаи кофии давлатдориро соҳиб асту роҳи ҳалли мушкилоти пешомадаро пайдо карда метавонанд. Бо шарофати хиради азалӣ, иродаи қавӣ ва дониши баланди сиёсии худ Сарвари тозаинтихоби кишвар тавонистанд, дар як муддати басо кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё ва оташи ҷанги бародаркушро паст намоянд, ба раванди барқарор намудани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар таҳкурсии боэътимод гузоранд. Дар ин радиф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро дар фурӯ нишондани алангаи ҷанги бародаркуш ва таъмини сулҳу субот дар мамлакатро вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ худ қарор доданд. Бо заҳмату талошҳои Сарвари олимақоми давлати тоҷикон баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекардагӣ шуд.

Ин аст, ки баъди Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат вазъияти Тоҷикистон дар Анҷумани Шӯрои амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки он дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Стокголм рӯзҳои 14‐15‐уми декабри соли 1992 баргузор гардид. Дар он ҷонибҳои дар ҳоли ихтилоф қарордошта даъват шуданд. Аз ҷонибҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ба мухолифат хотима бахшида, ба музокироти созанда, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии Тоҷикистон мусоидат намояд, шуруъ кунанд. Кўшишу заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷалби кӯмаку дастгирии созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат дод. Саъю талошҳои беандозаи Сарвари тозаинтихоби давлат баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва расидан ба сулҳу субот дар мамлакат, ки аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифта маҳсуб мешуд, ба воқеият наздик ва бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ҷонибҳои даргир розӣ шуданд, ки ба гуфтушунид оғоз бахшанд. Музокироти миёни тоҷикон аз 5‐уми апрели соли 1994 оғоз гардида, дар он масъалаҳои мубраму марбут ба гуфтушунид ҳаллу фасл гардиданд. Раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон аз рўзҳои аввал то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зери назорати доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Иштироки бевоситаи Раиси Шўрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокироти миёни тоҷикон хеле самарабахш ва назаррас буда, аҳамияти калидиро доро буд. Дар ин радиф бояд махсус таъкид сохт, ки муҳимтарин омил барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар вохӯрии сатҳи олӣ баҳисоб мерафт, ки он бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб баргузор шуд. Бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа расиданд ва музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27‐уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия–шаҳри Маскав бо миёнравии давлатҳои абарқудрат, хоса Россия ба анҷом расиду бо ҳамин ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшида шуд. Баъди расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ аз тарафи роҳбарияти мамлакат дар як муддати кӯтоҳ тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд, ки ба шарофати онҳо вазъият тағйир ёфт. Зимнан мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати худро соҳиб мешуд ва дар муддати начандон тўлонӣ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд. Бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор гардид.

Сиёсати сулҳофаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт. Он таҳкурсии мустаҳкаме шуд дар самти ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон. Маҳз бо ин сабабҳо обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола боло меравад ва кишварҳои олам робитаи худро бо давлати мо густариш мебахшанд. Имрӯз Тоҷикистон бо аксари мамлакатҳои кураи арз муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аст. Аз арзишҳо ва манфиати миллӣ дифоъ мекунад, дар масъалаҳои мубрами сатҳи ҷаҳонӣ назару мавқеи худро иброз медорад. Айни ҳол Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба ҳайси кишвари сулҳпарвар эътироф шудааст.

Сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон имкон фароҳам овард, ки халқи тоҷик таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад. Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ аз арзишҳои олии мамлакатамон маҳсуб ёфта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромаду суханрониҳои худ бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки баҳри таҳкиму устуворсозии пояҳои сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолият кӯшиш намоянд. Ҷавобан ба кўшишу заҳматҳои беохиру шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сокини кишварро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва гиромӣ доштани он солимии тафаккури аҳли ҷомеа, алалхусус, ҳифзи насли ояндасоз аз ҳар гуна андешаҳои носолим саҳми худро гузоранд.

Дар ин бора, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26‐уми январи соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи амнияти кишвар чунин баён намуданд: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90‐уми асри ХХ доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар, баҳри расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ бузург буда, имрӯз дар мамлакати соҳибистиқлоламон сулҳу субот пойдор аст, мардуми шарифи мамлакатамон бо дастгирӣ аз сиёсати оқилонаи Сарвари давлат баҳри шукуфоии Ватани азизамон бо заҳмати созандаву бунёдкорона саҳм мегузоранд.

Мавҷуда БОБОЕВА,

муовини якуми Раиси Шўрои Ҳаракати ҷамъиятии

Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh