Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуби ҷомеа

Дар замони муосир чомеаро падидахои номатлуб ба монанди ифротгарои ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгарои ва терроризм аз чумлаи ходисахои номатлуб ба хисоб рафта, оромиву осудагии чомеаро халалдор менамояд. Сабабхои шомилшавии чавонони имруза ба чунин гуруххо ин пеш аз хама ноогохии баъзе чавонон аст. Ба ин гуруххо чавонони гумрох, дур аз аслияти хеш, аз илу маърифат, ки фирефтаи фиребу найранги чунин нохалафон гаштаанд,таваччух зохир намоянд.

Ифротгароён байни кишрхои гуногуни чомеа иҳвоангезӣ карда ноогоҳро  фиреб ба доми худ кашиданӣ мешаванд.

Ифротгаро - экстремист ва террорист дин, мазхаб ва миллат надоранд ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани дини мубини ислом нодуруст аст. Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористиро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое маҳсуб мебошад, ки дар Осиёи Миёна дар мубориза бо терроризму экстремизм пешсаф аст.

Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату иттифоқ зиндагӣ дорем. Мо, ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеа сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм бояд эҳтиёт намоем.

Шаҳзода ХОҶАНАЗАРОВА,
донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

    

Add comment


Security code
Refresh