ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва паҳн шудани экстре­мизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - ифротгароӣ, созмонҳои терро­ристии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо зиёд ҳарф мезананд.

Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд.

Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар маблаҳ сарф мегардад.

Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба изтироб омадаанд.

Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.

 Сабабҳои паҳншавии зухуроти номатлуб дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳояндҳ

Афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ, ки олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Омили эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст, яъне аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо кишварҳои Ғарб сиёсати духӯра, дурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на қасдситониву бетаҳаммулӣ. Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ дини исломро ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки ин амали норавост.

Омили дигар рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиат­ҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ ва дигарҳо мебошад.

Густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа низ омили паҳншавии ифротгароӣ буда, бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд.  Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд.

Оид ба пешгирии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй ба андешаи мо бояд чунин чораву тадбирҳо андешида шаванд:

  • дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршиносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода карда шаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумоти мушаххас ва кофӣ дошта бошанд;
  • дар ин маводҳои тарғиботӣ оид ба омилҳо, заминаҳо ва мақсади таъсис намудани ин ҳизбу ҳаракатҳо, замон ва макони пайдоиши онҳо, ҳадафу мақсадҳои нопоки ин ҳизбу ҳаракатҳо маълумот пешниҳод карда шавад;
  • чизи аз ҳама муҳим - таҳлили барнома, оиннома, марому мақсади ин ҳизбу ҳаракатҳо, онҳо чи мехоҳанд, ҷомеаро ба куҷо бурдан мехоҳанд, заминаи иҷтимоии ин ҳизбу ҳаракатҳо кист, дар байни кадом қишри ҷомеа ҷонибдорони худро доранд, ба кӣ такя мекунанд, бояд муайян карда шавад;
  • ошкор сохтани мақсади аслии онҳо, роҳу услуби корбариашон ва чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст;
  • кори таблиғотӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок, нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, на барои маъракаороӣ, мавсимӣ ва барои ҳисобот ба боло;
  • Ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд. Таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масъул бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба доми терроризм ва экстремизм кашида мешаванд. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо масъулият дорем, ки рафтори онҳоро дар хориҷи кишвар низ назорат намуда, аз маҳалли будубош ва нафарони ҳамзисти онҳо бохабар бошем.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротӣ вазифаи дастаҷамъона ба шумор меравад. Оштинопазирӣ нисбати ин падидаи номатлуб зарур буда, ҳар яки мо бояд барои рушди минбаъдаи кишвар саҳмгузор бошем, баҳои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар талош намоем.

Ш.ШАРИПОВ,
дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh