Ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем

Имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавононеро, ки ноогоҳанд ба сафҳои худ ҷалб карда, ба онҳо ваъдаҳои зиёд медиҳанд. Терроризм алҳол аксаран дар байни чавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд, бештар реша давондааст.

 Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тағйири муҳити зист яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад.. Марбут ба зарурати воқеии муҳочирати меҳнатии мардум аз кишвари мо, ба кишварҳои ИДМ ва пеш ҳама, ба Русия воқеан ҷанбаҳои гуногун дошта, боиси таҳлилу баррасии махсус гардидааст. Хусусан баъзе равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои охир ба монеа рӯ ба ӯ шудаанд.

Муҳоҷират ҳамчун падидаи иҷтимоӣ -иқтисодии замони муосир яке аз беҳтарин нигоҳдорандаи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад. Мувофиқи маълумоти СММ дар гардиши раванди муҳоҷират 218 давлат иштирок мекунад ва шумораи умумии муҳоҷирон 195 млн. нафарро ташкил медиҳанд.

Масъалаи мазкур дар қатори дигар кишварҳои олам, барои кишвари мо низ ба яке аз масоили мухими иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи кишвар эҳсос мегардад.

Алҳол бештари ҷавонони тоҷик дар муҳоҷират буда дониши касбию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгорро надошта, донишҳои дини ва дунявиашон сатҳӣ ҳастанд ва аз ин рӯ баъзан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ фирефта мешаванд. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал ба чунин ҷавонон сару кор гирифта бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба Русия рафта, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба ватан бармегарданд.

Яке аз сабабҳои тағйири ақидаву ҷаҳонбинии муҳоҷирон ба доми чунин ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ гирифтор шуданашон онҳо мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки волидон бо ҷойи будубош, бо онҳое, ки фарзандашон ҳамкорӣ мекунанд, бохабар бошанд, то ки афкори фарзандашонро шахсони бегона вайрон накунанд.

Шамил Назарзода,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh