ХИЁНАТГАР ҲЕҶ ГОҲ БА МАКСАД НАМЕРАСАД

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, инчунин таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Мутаассифона, зуҳуроти номатлуб терроризм ва экстремизм, ки имрӯз дар ҷаҳон торафт доман паҳн мекунад, нигаронкунанда аст.

Мардуми тоҷик ҳама вакт тарафдори сулҳу субот мебошад, аммо нафароне ҳастанд, ки оромию осудагии ҷомеаи моро намехоҳанд. Ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ.

Кабири хоин мехоҳад ки сулҳу суботи кишвари моро ноором созад, аммо мо миллати тоҷик ин амалкардаи онро маҳкум менамоем ва арзишҳои миллиамонро ҳифз менамоем. Барои халқи  тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомӯз буд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо ҳадафҳои нопоки дигар доранд.

Шароити имрӯзаи ҷаҳон аз ҳар шаҳрванди кишвар зиракии сиёсиро тақозо менамояд.

Мо бояд ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори кишвари азизамон саҳми худро гузорем.

Барно УМАРОВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh