ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Ҷаҳони пуртазоди имрӯз моро ҳушдор медиҳад, ки назорату тарбияи насли наврасро, ки ояндаи давлатдории мо аз ақидаи солими сиёсии онҳо вобаста аст, аз имрӯза дида ҷиддитар гирем. Зеро имрӯз эҳсос мешавад, ки бо назардошти дастрасӣ доштани аксари сокинони мамлакат ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ эҳтимоли мағзшӯии ҷавонону наврасон ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ вуҷуд дорад.

Ба ҳамин монанд, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ки хоси аксари давлатҳои ҷаҳон аст, моро ҳушдор медиҳад, ки ба ин масъалаи ҳассос бо масъулият рафтор намоем. Зеро гурӯҳҳои террористӣ дар бисёр маврид барои ба доми худ афтонидани муҳоҷирони кории мо, ки бештар дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд, саъю кӯшиш мекунанд.

Иродаи сиёсии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба бегонапарастию пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тағйирнопазир аст ва мардуми кишвари маҳбубамон бо назардошти аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ягона василаи оромию осоиштагии кишвар ин ваҳдату якдилӣ ва сарҷамъ будан аст.

Мо имрӯз бо он шароиту имконоте, ки дорем, бояд пайваста дар ҷомеа бобати пешгирии падидаҳои ифротгаро муборизаи беамон барем. Зеро Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо танҳо бо меҳнати аҳлонаю софдилона ва ақидаҳои солими сиёсӣ метавонад,ободу зебо гардад. Давом додани кору пайкори ниёгон, истифода аз таҷрибаи давлатдорию зиндагиномаи онҳо барои ҳар як узви ҷомеаи имрӯзи мо хеле муҳим буда, мо вазифадорем ба онҳо аз рӯи масъулият арҷ гузорем.

Н.ҚӮЗИЕВА, М.ҲОҶИЕВА,
устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh