Хатари глобалии хавфовар дар ҷаҳон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ҷинояти махсусан вазнин буда, дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст.

Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ меафзоянд, ки хеле нигаронкунанда аст. Террористон дар фаъолияти худ воситаҳои гуногуни техникӣ ва яроқҳои марговарро ба муқобили аҳолии осоишта истифода мебаранд. Аз кирдори бади террористон ҳазорҳо ҷабрдидагон дар ҷаҳон ҷой доранд, сол то сол шумораи онҳо зиёд мегарданд.

Мавриди қайд аст, ки ин гуна гуруҳҳои террористӣ дар замони мо низ ҷой доранд. Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд. Аслан мубориза бо терроризм танҳо бо саъю кӯшиши якҷояи давлатҳо ва халқҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ мебошад.

Терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рў ба рў гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеъгӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрўз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба бехатарии давлатҳо дорад, оқибати он зарари зиёди иқтисодиву сиёсӣ ва равонӣ мегардад. Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиёти террористӣ, зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кўдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддии расонидашуда арзёбӣ мешавад.

Чунин гурўҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун неруи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд.

Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрўз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт барои бақо мебошад.

Маҳина МИРШАРОБЗОДА,
устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh