Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем

Дини мубини Ислом мардумро танҳо ба сӯи ахлоқи некӯ ва ҳамида роҳнамоӣ мекунад ва ҳамеша мусалмононро ташвиқ месозад, ки дар фикри некӯкорӣ бошанд ва то имкон доранд ба якдигар некӣ кунанд. Тибқи нишондоди дини мубини Ислом дили касеро хушнуд сохтан аз амалҳои волотарин дониста шудааст. Вале дар ҷамъияти имрӯза гоҳо аз тарафи баъзе нокасон амалҳои ношоиста ва берун аз ахлоқи ҳамида рух медиҳанд ва он бадкорон Исломро ба ҳайси ниқоб истифода карда, чунин амалҳои хешро содир месозанд. 

Дини Ислом, дарвоқеъ, ба ягон ҳизбу ҳаракате эҳтиёҷ надорад. Аммо дар солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон як зумра мардуми ношукр ва аз инсоф дур бо шӯру валвалаи зиёде ба по хезониданд ва хостанд, мақсадҳои нопоки хешро ба сари мардум бор кунанд. Бо ин ният ҳарчанд кирдорҳои гӯшношунидеро роҳандозӣ карда буданд, вале ба мақсад расида натавонистанд. Хусусан, воқеаҳои солҳои охир ниқоб аз рӯи онҳо бардошт ва ниятҳои нопокашонро ошкор сохт.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва ҷумҳурии мо як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муваззаф гардонидааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони сустирода ба доми фиреби ифротгароён фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони содаю гумроҳ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.        

Вобаста ба гуфтаҳои боло кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

 Мо, ҳамеша терроризм ва экстремизмро ҷиддан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати давлатро дастгирӣ мекунем.

Шамил Назарзода,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh