Аъмоли номуваффақонаи ТТЭ ҲНИ

Амалҳои номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизмро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурии мо  ТТЭ ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона байни аҳолӣ, ки бо сӯиистифода аз бовару эътиқодоти динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд.

Дар асл мақсаду мароми ин хоинону аҷнабигароён иҷрои супоришу дастури хоҷаҳояшон ва амалӣ намудани нақшаҳояшон, яъне ноором кардани фазои сулҳу суботи кишвар  буд. Имрӯз санаду далелҳо исбот кардаанд, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар хилофи манфиатҳои Ватану миллати мо равона гардида буд ва танҳо аз разиливу хоинӣ иборат буд, на чизи дигар.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату меҳан бархезонид.

Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишвари моро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд.

Аммо роҳбарони ТТЭ ҲНИ тамоми имкониятҳои дар самти дин фароҳамовардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиқрори сулҳ ва бахшида шуданашон ҳам аз фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи худ даст накашиданд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анҷом додани табаддулоти ҳарбии давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд.

Баъд аз исботи тамоми амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ин ҳизб мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид. Аксарияти аъзоёни ҳизби мазкур, ки пештар фирефта шуда буданд, солҳои 2014-2015 сафҳои онро тарк карданд. Айни ҳол масъулону роҳбарони боқимондаи он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд. Онҳо то ҳанӯз мехоҳанд ба мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд.  Аммо мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо, ки аз нияти нопоки наҳзатиҳо хуб огоҳанд, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи макри ТТЭ ҲНИ намегарданд.

Ш. НУРМАТЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh