Паймони миллии Тоҷикистон – ташкилотиэкстремистӣ террористӣ

Пеш аз оне ки дар бораи ин паймони зиддимиллии тоҷикон нависем, бояд донем, ки ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз кай зери кадом ном кору фаъолият мекард. 26 октябри соли 1991 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи бархе аз муаррихон ин созмони террористӣ дар солҳои шӯравӣ соли 1973 пинҳонӣ фаъолият доштааст.

Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 Ҳизби наҳзати исломӣ бо якҷоягии ҳизби демократӣ “Лаъли Бадахшон” ба зидди давлат бархост. Ин сабаб шуд, ки аввали соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро дар кишвар манъ кард.

Дар он вақтҳо маркази аслии ин ҳизб ва дигар мухолифони кишвар дар хоки Афғонистон маскун шуда буданд ва онҳо бисёртар дар минтақаи Рашт ба нерӯҳои давлатӣ ҳамла мекарданд.

Баъди имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон моҳи июни соли 1997 шароит барои баргаштани аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар муҳайё шуд. Моҳи августи соли 1999 бошад ба ин ҳизб муяссар шуд, ки бори дуюм ба расмият шинохта шавад.

Баъди дуюмбора ба расмият даромадани ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизб интихоб гардид.

Баъди фавти Саид Абдуллоҳи Нурӣ 9 августи соли 2006 роҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ гузошта шуд.

Ин ҳизб бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ соли 1999 ширкат варзид. Дар интихобот намояндаи ин ҳизб Давлати Усмон ҳамагӣ 4% овозро соҳиб шуд.

Собиқ ҳизби наҳзати исломӣ мамнуъ дар Тоҷикистон дар се интихоботи парлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 низ ширкат варзида дунафарӣ намояндаи худро вориди парлумон кардааст.

Новобаста аз ҳамаи ин ғамхориҳои давлату ҳукумат аъзои ин ҳизб корҳои ғаразноки худро давом дод  ва соли 2015 бо сардории Ҳалимзода исёни мусаллаҳона намуд. Хушбахтона, ин кори бадхоҳони Ватан бенатиҷа анҷомид ва як гурӯҳ кушта ва боқимонда дастгир карда шуданд. Ин боис шуд, ки 29 – сентябри соли 2015 ҳизб пурра аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияти онро дар дохили кишвар пурра манъ карданд.

Мутаассифона, ба баъзе роҳбарони  ТТЭ ҳНИ муяссар шуд, ба давлатҳои аврупоӣ фирор шаванд.

Шоҳиён Нурмуҳаммад,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанлд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh