Ягонагӣ ва ҳуввияти миллӣ

Таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсонро ҳуввияти он инъикос мекунад. Тараққиёту пешрафти муваффаққиятҳои ҳар як қавму миллат ва давлат аз муттаҳидӣ, ягонагии он вобастагии зич дорад. Мардуми тоҷик ҳамеша дар тӯли асрҳо ҳувияти худро ҳифз намуда то ба Истиқлолияти миллию давлатӣ хеш расидааст. Мо бояд, иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи хешро боз ҳам тақвият бахшида, зинда нигоҳ дорем. Сулҳу суббот ва Ваҳдати миллии  бо мушкилӣ ба даст омадаро зинда нигоҳ дошта, қадр кунем ва ҳамеша пайрави бунёдгароии он бошем.

Барои пойдор нигоҳ доштани оромӣ мо бояд ҳама аз як гиребон сар барорем, то ки ба ягон шахси манфиатдор аз ҷумла, ТТЭ имконияти моро ба вартаи гумроҳӣ бурдан ва халалдор сохтани оромии Ватани маҳбубамон роҳ надиҳем.

Боиси нигаронист, ки баъзе ҷавонони мо бо роҳҳои гуногун ба гуруҳҳои ифротию террористи ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба кирдорҳои носавоб машғул мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯзаи муосир чунин душманони миллати мо кам нестанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нооромиро ба вуқуъ оварда, сулҳу суботи ҷомеаро халалдор созанд. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки ҳамарӯза ҳушёр бошем ва ба ягон дасисабозӣ дода нашавем.

Аз он даврае, ки мо бо душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, роҳи созиш, оштии миллӣ ва роҳи Ваҳдатро пеш гирифтем, барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо бояд зиракии сиёсӣ, Ваҳдати миллиро аз даст надода, якдилу муттаҳид шуда, Тоҷикистонро ободу зебо гардонем.

Ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар кунем. Ин барои худшиносии ҷомеа ва равшан намудани ҳадафҳою роҳи минбаъдаи он, дар ин аёми мураккаб ниҳоят зарур аст. Яъне, таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихору пандомӯзи онро бо сари баланд бояд омӯхт.

Таъмини сулҳ, Ваҳдат ва таҳкими Истиқлолият вазифаи муқаддас ва пурифтихори шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонии бо ору номус мебошад. Мо аз миллату давлати хеш итминони комил дорем, ки мардуми соҳибфарҳанги кишварамон зиракии сиёсиро аз даст надода, пайи пояндадории Истиқлолияту Ваҳдати комили халқу Ватани хеш мегарданд.

Шамил Назарзода,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh