Тарбияи хуб-таҳкурсии устувори давлат !

Идоракунии давлати соҳибистиқлол ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ба кадрҳои баландихтисосу содиқ, навовару серғайрат, эҷодкору соҳибфарҳанг ва сифатҳои олии дигари инсонӣ такя менамояд. Заминаи ташаккули чунин кадрҳои арзанда соҳаи маориф, аз зинаҳои аввал то боло маҳсуб меёбад. Зеро, ҷавҳари ғоявӣ ва асоси дониши фард дар ин даргоҳи муқаддас ба камол мерасаду маҳорати боқимонда ба омӯзиши мактаби ҳаёт алоқаманд аст. Рушду такомули нерӯ, ирсӣ ва истеъдоди Худододи шахсият бошад, бевосита ба муҳити солими оила ва ҷомеа вобаста аст, ки дар тамоми ҷараёни ҳаёту фаъолияти фард инъикос меёбад. Бинобар ин, танҳо давлате, ки ба тарбияи кадрҳо таваҷҷӯҳ менамояд, соҳиби ояндаи босуботу боэътимод мебошад. Чунки, фарди ватандӯсти содиқмеҳрро ба сарзамини парваридааш илҳом мебахшаду нерӯи созанда меофарад.

Воқеаҳои давраҳои охир дар Ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон баамаломада хеле ҳузновар аст. Таърихи кӯҳани мардуми ориёӣ, аз ҷумла мардуми марзи Афғонистон исбот намудааст, ки аз ҷумлаи занону духтарон шахсиятҳои барҷастаи муаррифгари халқу миллат ва сарзамин буданд, ки то ҳанӯз мояи ифтихор мебошанд.

Беэътиборӣ ва таҳқири ҳуқуқи занону духтарон беҳурматӣ ба Ватан-Модар мебошад, ки зеро танҳо тавассути тарбияи модар ҳамаи сарварони мамлакатҳои олам ба чунин мақому манзалат расидаанд.

Дар заминаи андешаҳои баёнгардида масъули ҳамаи сохторҳои ин кишварро мебояд дурбину оқил, таҳаммулпазиру дурандеш бошанд, ки пояи ояндаи давлатдориро ноустувор нагардонанд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи
табиати факултети геоэкология ва туризми
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh