Роҳи ифротиён - хато, ҳадафҳояшон – бебунёд

Яке аз роҳҳои рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ин бевосита аз сифат ва дараҷаи тайёр кардани мутахассисони ҷавони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ вобаста мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меоварад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем. Аз ҳар гуна равияҳои ифротгаро эмин дошта, нагузорем, ба фикри солими онҳо душман ҳадафи нопоки худро ҷой кунад.

Бояд ҷавонони имрўза дар фикри пеш бурдану ҳифзу ҳимояи Ватани ҷоноҷони худ бошанд. Нагузоранд, ки сулҳу суботи ҷомеаи мо халалдор гардад. Зеро Ватан ҷоест, ки мо дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодаем ва дар он ба воя расидаем. Ватан сарвати бебаҳои мост, ки мо аз он мефахрем ва тамоми ҷаҳон моро бо Ватанамон мешиносад.

Шахсоне, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби таблиғгарону манфиатҷўёни нохалаф гирифтор намешаванд. Шахсоне қурбони ҳадафҳои нопоки ифротиён мешаванд, ки ноогоҳанд, дониши кофӣ надоранд. Ин тоифа бо ҳар гуна гапҳои дурўғу пучу бемазмун, ваъдаҳои дурўғин, тўҳматҳо ва даъватҳои ғаразнок мардумро ба сўи ифротгароӣ ҷалб намуда, ба шаъну эътибори мамлакат иснод меоранд, инчунин худро бадном месозанд.

Имрўзҳо дар кишвари азизамон - Тоҷикистон мардум бо дили шоду хотири ҷамъ зиндагии орому осоишта доранд.

Мо, омўзгорон ҳамеша кўшиш менамоем, ки барои тарбияи насли навин беҳтарин усули тарбиявиро дар роҳи расидан ба мақсадҳо истифода барем. Инчунин, тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз ҳаргуна амалҳои номатлуб, яъне терроризму экстремизм ва тундгароӣ, инчунин, рушди фарҳанг ва дар ниҳоди ҷавонон парваридани эҳсоси худшиносии миллӣ дар тамоми сатҳи ҷомеа таъсири беандоза мерасонад.

Ҷомеаи моро зарур аст, ки имрўз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастию ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷўҳи бештар дошта бошем. Зеро маҳз ҷавонону наврасон неруи тавонои кишваранд, ки имрўз марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд.

Қутфӣ ЛАҲАЕВА,
омўзгори Гимназияи №4,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh