НОМАТ НЕСТ БОД, ТЕРРОРИЗМ!

Вобаста ба вазъияте, ки имрўз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Ин аст, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёнииҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла, ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳамагон муборизаи дастҷамъона барем. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон–дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилоти махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурўҳҳои террористии ҷаҳонӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии гуруҳҳои террористӣ пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан, барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо доллар меистанд.

Вобаста ба гуфтаҳои болоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонидааст.

Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи Суди шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh