СУЛҲ МЕХОҲАМ ҲАМЕША БАР КИШВАРИ БАРНОДИЛАМ

Сулҳу ваҳдат бехтарин неъмати хаёти инсон, орзуву ормони модарон, тахкими давлат, рушди кишвар, нумуи даврон, хастии инсон дар ҳар замон аст. Ваҳдат ва сулҳи Тоҷикистон, ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.

«Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад».

Он дарахт дарахти сулҳу ваҳдати кишвар аст. Имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қургонтеппа - Кўлоб сохтмони шоҳроҳ ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин боиси эҳёи арзишҳои миллии Роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ин ҳама дастоварҳои Истиқлолият аст, ки мардуми тоҷик онро ба даст овард. 

Аммо пойдор гардидани субот дар Тоҷикистон хоинони кишварро ноором кард. Оҳо аз ҳар тараф истода, оромии кишвари моро халалдор карданӣ ҳастанд. Яке аз ин гуна равияҳо ин ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш зери ниқоб фикри мардумро олудаи кинаву адоват ва фикрҳои бад карданӣ аст.

Сарвари ин ҳизб доимо дар сараш фикри бад дораду ҳамеша аз паи халалдор кардани сулҳу суботи кишвари мо тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳаргуна баромадҳои иғвоангез мекунад. Ҳамаи баромадҳояш сохтакорона ҳастанд. Худаш дар хориҷаву бо истифода аз фурсатҳои қулай мехоҳад оромии моро барбод диҳад. Мо бояд ба васвасаҳои ин гуна хоинон дода нашавем. Ман ба ҳамаи ҷавонони саодатманди диёр гуфтаниям, ки ба суханони бегонагон дода нашаванд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Биоишаи Назар,
|
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh