БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ!

Амалҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ-ро хуб омӯхтаву санҷида, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ фаъолияти онро ҳамчун ифротгаро, қатъ кард. Аз он вақт инҷониб ин тоифа худро ба ҳар кӯ мезананду аз хориҷ нишаста лагандбардории хоҷагони худ,  мекунанд. Камбудиеро ёфта, чун филе вонамуд карда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузаронду он қадар суханбозӣ мекунанд, ки ҳад надорад.... Суоле ба миён меояд, ки бо кадом ҳуқуқу ҷуръат онҳо вазъияти кишвари моро баррасӣ мекунанд?

Ҳамарӯза тариқи шабакаҳои телевизиониву иҷтимоӣ бесарусомониҳои дар ин ё он мамолики дунё рухдодаро мебинему мо, сокинони Тоҷикистон шукри ободиву осоиштагии кишвари азиз ва шукри ваҳдату ягонагӣ мекунем. Вале ин нохалафон бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ ҳар чи бештар мехоҳанд, ки нафареро гумроҳ намоянду ба “хоҷагон”-и худ ҳисоботи бардурӯғ манзур кунанд. Вале мардуми мо дирӯза нест!!!!.....

 Халқи бофарҳангу таҳаммулпазири тоҷик, ки борҳо аз имтиҳонҳои сахти таърих сарбаландона гузаштааст, ҳодисаҳои солҳои 90-умиро хеҷ гоҳ фаромўш намекунад.

 Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, масоили рушди иқтисод, дар кишвар, имрўз роҳи ҳалли худро комилан ёфтааст ва ба таҳлили хоинон ва ё «хоҷаҳо»-и бегона ниёз надорад. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус ҷавонон, ки табиатан сулҳхоҳу сулҳдўсту сулҳофаранд, барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, барои пешрафти кишвар кўшиш менамоянд, чунки барои ин ҳамаи шароиту имконият: Ватани ободу озод, табиати биҳиштосо, адабиёти бою фарҳангу тамаддуни инсонгароёнаро соҳибӣ доранд.                                     

М.ШАРИФЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh