МАНФИАТҲОИ УМУМИМИЛЛӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ
- Details
- Published on Thursday, 20 January 2022 08:51
Тоҷикистон кишварест, ки мардумаш барои ободию тозакорӣ ва сулҳу салоҳ дар талошанд. Ҳар фарди бонангу номуси ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш дорад бо фикри пок, амалҳои солеҳ ва албатта, дилу нияти тоза барои расидан ба ҳадафҳои нек пурсамар меҳнат намояд. Барои ҳар яки мо оромиву осудагии Ватан бояд қимат ва пеш рафтани он мақсади асосӣ бошад. Ҳар сокини ин сарзамини муқаддасро мебояд, ки зиракии сиёсиву дурандеширо ба худ касб карда, баҳри шукуфоии Ватани азиз саҳмгузор бошем.
Имрӯз мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ умр ба сар мебарему кору фаъолият дорем. Шукронаи давлати тинҷу осуда кардан, аз неъматҳоидаврони Истиқлолият баҳраманд шудан, дониши хуб гирифтану фаъолияти пурсамар бурдан дар ҷодаҳои касби пешгирифтаамон моро ба сӯи муваффақиятҳои бештару беҳтар хоҳад бурд. Дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳамагон аён буда, моро месазад, ки барои гирифтани дониши мукаммал ҷидду ҷаҳд намоем, зеро тарбиятгарониасосии насли наврас ҳастем. Агар омӯзгор аз болои худ кор кунад, бо замон ҳамнафас қадам мезанад. Ба ҷавонону наврасон фаҳмонидани моҳияти маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезона дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ва мақсадҳои нопоки намояндагон ва фирефташудагони гурӯҳҳоииртиҷоӣонҳоро аз роҳи бад бармегардонад. Аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саодати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Моро мебояд, ки манфиатҳои умумимилии хешро дар мадди аввал гузорем, аҳлу тифоқ шавем, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки мақсадашон ноором сохтани Ватан аст, пайваст нагардем. Роҳ надиҳем, ки ҷавонон роҳгум зананд, зеро ин иллат ба пушаймонӣ меорад. Ҷавононро мебояд, ки ба ҷои амалҳои ноҷоя ва шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ бо хондани китобҳои бадеӣ, аз худ кардани шеъру ғазал, достону маснавӣ, мутолиаи повесту ҳикоя, роман умуман китобҳои бадеӣ машғул шаванд.
Зиёда аз ин номнавис шудану иштироки онҳо ба маҳфилу бозиҳои варзишӣ, иштирок дар мусобиқаҳои гуногун, ба даст овардани муваффақиятҳо, боло бурдани шаъну шарафи худ, аҳли оила, дабистон, ҷомеа, волидайн ва маҳалли истиқомату кишвари азиз барои расидан ба арзишҳои воло ва инсонӣ мададрасон хоҳад буд.
Мавҷуда ХОЛИҚОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 2 – юми
шаҳри Хуҷанд ба номи Зайниддин Осимӣ