Дасисабозиҳои нави ифротгароён

Имрўз аз дасисабозиҳои нави ифротгароёни маккор мехостам фикру андешаи худро баён намоям, ки дар ҳақиқат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ дарк намудаанд, ки  ин хоинони миллат ба ҷуз иғвоангезӣ ва хоинӣ дигар коре аз дасташон намеояд. Лекин  нигаронкунанда он аст, ки ин ашхоси ватанфурўш аз ҳисоби  ҷавонони гумроҳ мехоҳанд гурўҳҳои нави ифротӣ ташкил кунанд ва аз истифодаи маблағҳои хоҷаҳои хориҷиаш кайфу сафо карда гарданд.

Ман ба ҷавонони бо нангу номус ва  ватанпарвари кишвари  азизамон муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин ашхос гўш надиҳанд ва гумроҳ нашаванд, аз њадафњои нопоки онон огоњ бошанд  ва бо хизмати худ як гўшаи ин сарзаминро обод намоянд.

Барои шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва Тоҷикистонро Ватани хеш медонад новобаста аз он, ки дар дохили кишвар ё берун аз он истиқомат ва кору фаъолият менамояд, ҳама вақт бояд обрўву эътибори Ватан аз ҳама боло истад ва барои ободиву осоиштагии ин кишвар ҷони худро дареғ надорад. Мо рафтори инонро маҳкум мекунем, ки каме маблаѓи бедардимиён инсонро метавонистааст чигуна беинсоф ва бевиҷдон гардонад.. Чунки ин хел шахсон дар назди пулу мол падару модар, бародар, хоҳар ва даркор шавад оилаи худро низ мефурўшад.

Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам иғвогарону дасисабозон наметавонанд ба мафкураи мардуми бафарҳанги миллати тоҷик таъсир расонанд.

 Дадоматов Д. Н.
– мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh