ХИËНАТ БА ВАТАН – ХИСЛАТИ НОБАХШИДАНИСТ

Бадхоҳону бадандешони миллати мо талош бар он доранд, ки дар ин кишвари сулҳпарвару  осоишта  ва  фазои ваҳдатборро бо фитна ва ноадолативу разолат, ки дар тинати онҳо ҷой гирифтааст пур кунанд.

Ҳарчанд аз кишварҳои дур истода санги маломат ба миллати худ мезананд ва  хостори нооромии кишвар њастанд, ҳаргиз мақсаду мароми онҳо ҷомаи амал нахоҳад пўшид, зеро ҳар нияте, ки бунёдаш бад аст ва нияти ғаразноке дар ниҳодаш мепарварад, ба ҳадаф расидани он амрест маҳол.

Маълум аст, ки дар охирҳои асри 20 ва оғози асри 21 падидаи наве бо номи гурўҳи ифротӣ, ё худ терроризм ва ифротгарої, ки идеологияи номатлуби замон аст, падидор гашт ва дар ҷавори худ шахсиятҳои пастфитрат ва ноогоҳ аз ҳақиқатро ҷалб намуда, бархе аз шањрвандонро дар доми фиреби худ қарор додааст.

Ин боди номатлуби асри навин шахсиятҳои ноогоњро ба доми худ кашидааст ва баҳри нооромию бесуботии кишварҳо онҳоро ҳамчун воситаи барангезандаи чунин нооромиҳо омода сохтаанд.

Аз ВАО ва расонаҳои бурунмарзӣ барало ба чашм мерасд,ки талоши ин шахсиятҳои  носипос ва пастфитрат то ҳол давом дорад ва онҳо хоҳони он ҳастанд, ки ин идеологияи нодурустро идома дода, ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб афкананд ва барои пули ночиз шуда, фазои ороми кишварро ғуборолуд кунанд, вале фикру таҳаммул намекунанд, ки: «ҳар карда ҷазо дорад» ва ҳеч амали баде бемузд ва подош намемонад. Зеро аз роҳ боздоштан ва  ба доми худ афкандани як инсон масъулияти азиме бар душ гирифтан аст. Вале сад афсус чунин шахсони  ба доми фиребафтода ҳаргиз фикр намекунанд, ки фардо ҷавоби он дар гардани онҳо аст.

Пешрафти Тоҷикистони азиз ва идеологияи пешгирифтаи мамлакат ниҳоят мустаҳкам ва побарҷо аст, ки ҳаргиз ягон мақсаду мароми ин шахсони  нопок ба ҳадаф расида наметавонад ва инҳо бояд дуруст дарк намоянд, ки ин роҳи пешгирифтаашон танҳо беномусиву бешарафиро барои онҳо овардаасту халос.

Бо тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба ин саркардагон танҳо ба љуз нафрат хондан посухи дигаре надорад.

Ашуров С.Х.- дотсент,
декани факултети бизнес  ва идоракунии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh