Зиракии сиёсӣ – кафили пешгирӣ аз ифротишавӣ

ТТЭ ҲНИ аз рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузорону думравонаш ва бо мазҳабфурӯшиаш  рўсиёҳ аст.

Чунки дар мавриди мазкур навиштаанду ҳамарӯза менависанд ва мо – шаҳрвандон низ шоҳиди бевоситаи кирдорҳои хабисонаи онҳо будем ва натиҷаи дасисабозиҳои онҳо буд, ки қариб буд, Тоҷикистони азизро ба вартаи гумномӣ расад.

Хушбахтона, мо - мардуми тоҷик бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистем, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намуда, пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузорем ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон созем.

ТТЭ ҲНИ, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик аст, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолиятро дида наметавонанд, зеро нотавонбинанд. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро барои расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.

Аз кулли шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки нисбати фаъолияти иғвокоронаи ифротгароён бетараф набуда, насли наврасро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ эмин доранд. Зиракӣ ва ҳушёри сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Томирис Нурматова
– устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh