ВАТАНДЎСТӢ АЗ ИНСОНДӮСТӢ САРЧАШМА МЕГИРАД

Давлат барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, то ки дар ҳолати содир шудани чунин кирдорҳо чораҳо андешад.

Мо имрўз хуб медонем, ки ҳар як кидори зиддиҳуқуқӣ албатта сазовори ҷазо аст. Аз ҳамин лиҳоз, шахс медонад ва ё намедонад барои содир намудани қонуншиканӣ ҷазои муносиб тибқи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ  барояш чораҷўӣ карда мешавад. Чӣ  тавре маълум аст, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Мақсад дар сари он аст, ки дидаю дониста ба фиребу найрангҳои хиёнаткорони миллат бояд дода нашавем, ки имрўзҳо мехоҳанд мафкураи шаҳрвандони мамлакатро заҳролуд намоянд…

Боиси хурсандист, ки қишре аз ҷавонони кишвари мо имрўз гарчанд ба мактабҳои олӣ дохил шуда натавонанд, аз хату савод бе баҳра нестанд ва бо истифода аз техникаву технологияҳои имрўза аз илмҳои дунявӣ бархўрдор ҳастанд.

Бо вуҷуди ин, бояд  падару модарон ва омўзгорони мактабҳои миёна ба ҷавонони синни мактабӣ донишҳои сиёсии зарурро диҳанд, ки онҳо дар раванди фаъолияти корӣ чи дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз он гумроҳ нашаванд. Ҳадаф дар он аст, ки имрўз ҷавонони тозафикри ҷомеа ба ҷои барпо намудани зиндагии орому осуда ба доми гурўҳҳои ифротї наафтанд ва дар куҷое, ки бошанд, аз ин гуна хавфу хатарҳои ҷомеа хабардор бошанд.

Барои баланд бардоштани саводи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии насли ҷавон имрўз корҳои ташкилию ҳуқуқиро пурзўр бояд намуд.

Солҳои охир ҳазорон нафар аз насли ҷавони мо ба Федератсияи Русия муҳоҷират мекунанд ва бархе аз онҳо тавассути аз шабакаҳои иљтимої ифротї истифода бурдан  бехабар ба гурўҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Мутаассифона, бархе муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолими фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд, ки оќибат пушаймон мешаванд. Баҳри дар амал ба вуқўъ напайвастани чунин ҳолатҳо бо шаҳрвандони бурунмарзӣ робитаи доимиро бояд ҷорӣ намуд.

Имрўз тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳо ҷидду ҷаҳд мабарад. Албатта самаранокии кори онҳоро мушоҳида мекунем, ки онҳо ин намуд ташкилотҳои зиддиқонуниро ошкор намуда, фаъолияти онҳоро қатъ менамоянд.

Абдувоҳидов М. Р.
– котиб – коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва 
байналмилалии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh