БО ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА БОЯД БУРД
- Details
- Published on Friday, 01 March 2024 08:37
Пас аз барҳам хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои навтаъсис оид ба ташкили давлатдории худ ба ҷаҳониён хабар доданд. Аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оид ба истиқлолияти худ хабар дода, ба созмон додани сохти давлатдорӣ шуруъ кард.
Вале нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо барои тоҷикистониён осон набуд. Дар рӯзҳои аввалини Истиқлолияти давлатӣ бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, ҳисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид.
Минбаъд низ қувваҳои иртиҷоӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки фазои носолимро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо ҳар роҳу восита ҳаёти осоишта ва зиндагонии мардуми ҷумҳуриамонро халалдор созанд.
Солҳои охир ташкилотҳои террористию-экстремистӣ баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ дар зери ниқоби дини Ислом амал карда, барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо мақсади ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун кардани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо роҳу усулҳои нав ба навро истифода бурда истодаанд.
Тибқи талаботи моддаи 9, сархатҳои 10- 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар дар таълими фарзанд уҳдадоранд, ки ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд.
Яке аз сарчашмаҳои гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон ва ҷавонон мебошад. Зимни санҷишҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамин гуна қонунвайронкуниҳо дар 71 ҳолат, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров - 11 ҳолат, Хуҷанд - 10, Истаравшан - 9, Мастчоҳ, Панҷакент - 6 ҳолатӣ, Исфара, Бӯстон - 8 ҳолатӣ, К.Мастчоҳ - 4, Зафаробод, Ҷ.Расулов - 3 ҳолатӣ, Гулистон, Спитамен 2 ҳолатӣ, Айнӣ ва Конибодом - 1 ҳолатӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳгор тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Минбаъд ин нафарон ба таълими ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар машғул мешаванд, ки ҳангоми таҳсил онҳо ба ҳайати ин ташкилотҳо барои содир намудани ҷиноятҳои экстремистӣ-террористӣ ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол 33 нафар донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунии динӣ гиранда, барои содир намудани ин қабил ҷиноятҳо дар кофтукови расмӣ, аз онҳо 7 нафар дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризму экстремизм як зумра санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқиро қабул намуд, аз ҷумла 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм», 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва 21июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур заминаи ҳуқуқии мубориза алайҳи ифротгароиро фароҳам овардааст.
Мақомоти Прокуратураи вилоят баҳри таъмин амнияти миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм назорати прокурориро пурзӯр намудааст.
Баҳри халалдор нагардидани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, деҳот ва маҳаллаву муассисот ғайр аз ошкор намудани ҳолатҳои иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ба мақсади пешгирии чунин омилҳо корҳои ташвиқу тарғиб ва фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба таври муташаккилона роҳандозӣ гардидааст.
Рустамзода АЗИЗ,
прокурори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм
ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии
Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2