ДАСИСАБОЗИИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Сафарҳои анҷомдодаи роҳбарияти давлат ба Аврупо хоинони дар кишварҳои аврупоӣ қарордоштаро ором нагузошт. Чун ҳарвақта онҳо беқарор гашта, бо масхарабозии пешини худ мехостанд аз ҳастии худ дарак диҳанд. Чун онҳо дар бисоти худ чизи дигаре ба ҷуз танқидкунӣ, сиёҳкунӣ, доду фарёд задан надоранд.

Онҳо чунин андешиданд, ки шояд тоҷикони дар Аврупо қарордошта ҷонибдорӣ аз онҳо мекунанд. Аммо ин хаёлашон хом буд. Чуноне, ки расмҳо ва видеоҳои дар интернет гузошташуда аз майдони «тазоҳурот»-и онҳо нишон медиҳад боз ҳамон чеҳраҳои пешин ва боз ҳамон даъвогароне буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиёҳсозии дигарон ва чеҳрасозии худ машғуланд. Албатта, касе ба онҳо бовар надорад ва касе ба киштии шикастаи онҳо нишастанӣ нест. Аз ин рӯ, танҳо бо чунин доду фарёдзаниҳо онҳо мехоҳанд таваҷҷуҳи дигаронро бар худ кашанд.  Рӯз аз рӯз ин гурӯҳҳо моҳияти аслии худро ифшо намуда истодаанд, ки на танҳо бо нафарони дар қудрат қарордошта ҳатто, бо миллат ва давлати худ низ мушкил доранд

Ба ҳар сурат ин рафтори мухолифони тоҷик дар Аврупо як саҳнасозӣ ва як масхарабозиеро мемонд, ки ба андешаи мо ба ҷуз шармандагӣ барои онҳо чизеро ба армуғон наовард. Шоҳидони ин ҳолат бори дигар воқиф аз он шуданд, ки мухолифони  тоҷик дар Аврупо кӯҳнабисотанд ва дигар ягон шеваи наве ба ғайр аз танқиду сиёҳкунӣ  надоранд. Бори дигар ин рафтори онҳо дарак аз он дод, ки шумораи онҳо хеле ночиз аст ва онҳо наметавонанд аз мавқеи аксари тоҷикистониён баромад намоянд. Дигар наметавонем моҳияти аслии онҳоро дарк намуда бошем, ки онҳо сиёсатмадоранд ва ё худ масхарабозони сиёсӣ.

Солиев Ш. Х.
– муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh