Хиёнат ба Ватан - нобахшиданист

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро вабое таҳдид менамояд бо номи терроризм ва экстремизм. Сабабҳои шомилшавии ҷавонон имрӯз ба чунин гурӯҳҳо ин пеш аз ҳама ноогоҳии баъзе аз ҷавонон аст. Ба ин гурӯҳҳо ҷавонони гумроҳ, дур аз аслияти хеш, аз илму маърифат, ки фирефтаи фиребу найранги чунин нохалафон гаштаанд, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Омилҳое, ки боиси ба гурўҳҳои тундрав гаравидани бархе шаҳрвандон мешаванд, сатҳи пасти зиндагӣ,

бекорӣ, дониши хуби динӣ надоштан таъсири омилҳои беруна, надоштани маърифати сиёсӣ, наёфтани мавкеъ дар ҷомеа муҳоҷирати меҳнатӣ, нодуруст андешидани ақидаҳои динӣ, дар муҳити носолим инкишоф ёфтани ҷавонон, дур мондан аз арзишҳои динӣ ва миллӣ, бехабар будан аз ҳувияти миллӣ, бурдани тарзи ҳаёти носолим ва дигарҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ, ин омилҳо ба мафкураи ҷавонон таъсир мерасонанд ва онҳоро ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мекунанд. Аз нигоҳи ман, ҳамчун муҳаққиқи ҷавон, барои ҳалли ин мушкилот давра ба давра ташкил намудани ярмаркаи ҷойи корӣ бо дарназардошти аз овони хурдсолӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба зиракии сиёсии ҷавонон, яъне бо таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари ҷавонон ба маҳфилҳо, тарзи ҳаёти солим тавассути ҷалб намудан ба варзиши оммавӣ баманфиат аст.

Мо, дарк намоем, ки бо кадом гурӯҳи одамон ҳамзист ҳастем.

Бояд гуфт, ки филми мустанади «Хиёнат» симои ҳақиқии бадхоҳони миллати тоҷикро ба мардум нишон дода, дӯруғу фитнаҳои хоини миллат Муҳиддин Кабириро ифшо намуд.

Чуноне мегӯянд Ватан ва Модар - ин ду калима ба ҳам ҳамрадиф буда, дар тарозуи инсоният ҳарду дар як вазн қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти Ватан ин ҳифзу гиромидошти Модар аст ва хиёнат ба Ватан ин хиёнат ба Модар мебошад.

Ҳамин тариқ мо, ҷавонони даврони соҳибистқлоли кишвар бояд аз он бифахрем, ки дар биҳишти рӯи дунё, Тоҷикистон зиндагонӣ мекунем. Ман фикр мекунам,ки ҷавонони бо ору номуси кишварамон шукргузор аз соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу суботи комил карда, баҳри рушди давлатдорӣ камари ҳиммат мебанданд.

Шамил Назарзода,
 таҳлилгар

 

Add comment


Security code
Refresh