Мардум чеҳраи аслии ифротиёнро шинохтааст

Дар раванди ташаккули башарият бо сабабҳои гуногун инсон мубталои бемориҳо мешавад, ки хусусиятҳои фардӣ ва ҳам оммавиро дорост. Аксаран, ҳатто табибони ҳозиқи соҳибтаҷриба бо истифода аз ҳамаи дастовардҳои соҳаи тиб аз давои баъзе бемориҳо то ҳанӯз оҷиз мемонанд. Исбот шудааст, ки аксарияти бемориҳои бедаво марбут ба системаи асаби фард мебошанду бештар ба ирсияти фард алоқамандӣ доранд. Дар натиҷа нисбати чунин афроди бемор одатан чораҳои пешгирии хуруҷи навбатӣ ва табобати профилактикӣ истифода менамоянд, ки то андозае бемор зинда бошаду аз ӯ ба ҷомеа зарару осебе нарасад. Чунин бемориҳои бедавои замоми муосири иттилоотӣ дар организми заҳролудшудаи аъзои ТТЭ ҲНИ бо сардории Кабирb ба мушоҳида марасад.

Муҳаммадиқболи Садриддину Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонуву Гадоев ва ҳаммаслакони дигари онҳо дар  фаъолияти ҳаётии худ бо ғояҳои ифротӣ заҳролуд гаштаву бемориҳои палидию разилӣ, чоплусию бӯҳтонбофӣ, иғвогариву фитнаангезӣ ва монанди онҳо дар вуxуди онҳо чунон ҷой гирифтааст, ки ягон табибе ғайр аз Азроил ба онон даво ёфта  наметавонад. Аҷиб аст, ки ин тоифаи ватанфурӯшони хиёнатпеша аз бемориҳои худ огоҳ ҳастанду чун роҳгумзада бедаво будани беморияшонро дарк накардаанд. Танҳо ҳангоми аз хоҷагонашон дастрас гардидани маблағи муфт каме орому таскин меёбанду боз ба тафриrаандозb шурўъ мекунанд.

Талошҳои пайваставу ин тоифа ба ҷомеаи созандаю бунёдкори Тоҷикистон таъсире намерасонад, ки аз ин онҳо боз ҳам асабонӣ мешаванд. Ҳарзагӯӣ  ва нобакории ин ифротиён аллакай бемории бедавое шудааст ва ҷомеаи солимфикр аз он огоҳ аст.

Ҷомеаи муосири Тоҷикистон кайҳо аз симои аслии ин тоифа бохабар мебошаду баҳри пешгирӣ аз фирефташавии xавонон тадбирҳои мушаххасро амали менамояд. Наслҳои ҷавону баркамол ва ҳам кордидаи кишвари маҳбубамон бо дастгирӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати кишвар бо ме[нати бунёдкорона  машғуланд ва ба дасисабозиҳои ифротгароён тавассути шабакаҳои иxтимоӣ дода намешаванд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти кафедраи экология
ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоxон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh